ДУШАНБЕ, 1 май — Sputnik. Тибқи иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, ҷоизаи раисиҷумҳур барои Баҳодур Усмонов муодили 75 ҳазор сомонӣ хоҳад буд. Баҳодур Усмонов ҳафтаи гузашта дар Чемпионати Осиё дар вазни 64 кило дар шаҳри Бангкоки Таиланд медали тилло ба даст овард. Бар асоси гузоришҳои нашршуда дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва сомонаҳои хабарӣ, Баҳодур Усмонов бо пули қарз ба чемпионати Осиё рафта, бо медали қаҳрамонӣ баргашт.
“Дар асоси низомномаи Ҷоизаи Президенти ҷумҳурӣ барои медали тиллои чемпионатҳои Осиё оид ба намудҳои олимпии варзиш 75000 сомонӣ пешбинӣ шудааст”, - иттилоъ дод Кумитаи миллии олимпӣ ва зикр кард, ки Дилшод Назаров, гурзандози тоҷик низ аз шаҳри Доҳаи Қатар бо медали тиллои қаҳрамонии Осиё баргашт.
Медали тиллои қаҳрамонии Осиё, ки Баҳодур Усмонов ба Тоҷикистон овард, дастоварди баландтарини соҳаи бокси Тоҷикистон тайи 8 соли охир мебошад. Ҳаводорони варзиш ин дастовардро барои тоҷикистониён ва аз ҷумла Бег Сабур, ки аз соли 2015 роҳбарии Федератсияи бокси Тоҷикистонро ба уҳда дорад, шодбош гуфтанд.
Муҳаммад Абдурозиқи Неъматзод, муассиси гуруҳи фейсбукии “Tajik sport”, ки ҳаводиси олами варзиши Тоҷикистонро пайгирӣ мекунад, аз Бег Сабур дархост кардааст, ба Баҳодур Усмонов, ки дар вазъи бади иҷтимоӣ қарор дорад, дар арафаи Рамазон хона диҳад.
“Баъди таннафуси 8-сола дигарбора Тоҷикистон тавонист, ки медали тиллои бокси Осиёро соҳиб шавад. Баҳодур Усмонов тамоми ҳарифонаш – аз Чин, Туркманистон, Қазоқистон ва Урдунро мағлуб карда барои Ватан шараф овард. Охирин бор Анвар Юнусов соли 2011 дар Уланбатори Муғулистон медали тиллои мусобиқоти бокси Осиёро соҳиб шуда буд”, - навиштааст Муҳаммад Абдурозиқи Неъматзод дар гуруҳи варзишии фейсбук.
Ба нақли Неъматзод, Усмонов, ки феълан 21 сол дорад, борҳо барои Тоҷикистон ифтихорофаринӣ кардааст ва умед аст, ки ӯ медали сатҳи ҷаҳонӣ ва роҳхати олимпӣ ба даст биоварад.
“Аммо мо, чанде аз ҳаводорони бокс шароити воқеӣ ва вазъияти зиндагии Баҳодурро хуб медонем. Бо ин шароите, ки ӯ дорад ба медали тиллои қаҳрамонии Осиё расидан як қаҳрамонии хос аст”, - навиштааст Неъматзод.
Ӯ тавзеҳ додааст, ки бародари Усмонов чанд соле пеш ҳангоми оббозӣ миёнаш аз чанд ҷой осеби ҷиддӣ дид ва ҳоло маъюби барҷоймонда аст.
“Падараш бемории саратон дораду тамоми масъулият ва нигаҳбонии хона ба дӯши ин муштзани ҷавону ояндадори кишвар аст ва Шумо фикр кунед, ки бо ин вазъу ҳолу аҳвол чӣ гуна метавонад ояндаи варзишии худро бисозад”, - суол гузоштааст ин ҳаводори фаъоли варзиши Тоҷикистон.
Муҳаммад Абдурозиқ Неъматзод бо зикри сарусадо аз саховатмандии Бег Сабур дар миёни мардум аз ӯ дархост кардааст, дар арафаи моҳи шарифи Рамазон ба ин варзишгар хонае ҳадя кунад.
“Дар фаро расидани моҳи Рамазон ин ҳам савоби бузург ва ҳам ҳавасмандие барои рушди соҳае мешавад, ки худи шумо раҳбарии онро ба дӯш доред”, - таъкид намудааст Неъматзода дар хитоб ба раиси Федератсияи бокси Тоҷикистон.
Ин пешниҳодро дар шабакаҳои иҷтимоӣ афроди зиёде дастгирӣ карда, даҳҳо нафар бознашр намудаанд.
Бар асоси гузоришҳои нашршуда дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва сомонаҳои хабарӣ, Баҳодур Усмонов бо пули қарз ба чемпионати Осиё рафта, бо медали қаҳрамонӣ баргашт.
Дар вокуниш ба ин хабарҳои қарзгирии муштзани қаҳрамон, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш изҳор дошт, ки Усмонов бо 16 ҳазору 952 сомонии буҷаи давлат аз санаи 15 то 28 апрели соли 2019 ба шаҳри Бангкоки давлати Таиланд сафарбар карда шудааст.
“Баҳодур Усмонов узви дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар соли 2018 барои машқҳои дастаҷамъӣ ва тамринҳои гурӯҳӣ ба узви дастаи мунтахаби кишвар аз ҳисоби маблағҳои буҷавӣ зиёда аз 18000 сомонӣ маблағҳо ҷудо гардидааст”, - омадааст дар изҳороти Кумитаи ҷавонон ва варзиш.