ДУШАНБЕ, 3 май - Sputnik. Қарори нави раиси шаҳри Душанбе Рустам Эмомалӣ ба тасвиб расид, хабар медиҳад дафтари матбуотӣ шаҳрдорӣ.
Бино бар иттилои манбаъ, бо қарори Рустам Эмомалӣ нақшаи чорабиниҳои ҳукумати Душанбе оид ба омодагӣ ва ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе дар соли 2019 тасдиқ гардид.
Гуфта мешавад, ин иқдом бо мақсади иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фароҳам овардани шароити мусоид дар давраи истироҳати тобистона барои беҳдошти саломатии хонандагони муассисаҳои таълимӣ роҳандозӣ мегардад.
"Истироҳати хонандагони муассисаҳои таълимии пойтахт дар мавсими таътили тобистонаи соли 2019 дар истироҳатгоҳҳои беруназшаҳрӣ ва майдончаҳои истироҳатию солимгардонии назди муассисаҳои таълимии пойтахт гузаронида мешавад", - гуфта мешавад дар банди аввали қарор.
Раисони ноҳияҳои Душанбе ва дигар масъулин вазифадор шудаанд, ки дар истироҳатгоҳҳои беруназшаҳрии "Зимчуруд", "Гулхан", "Шарора" ва "Орзу", инчунин майдончаҳои истироҳатию солимгардонии назди муассисаҳои таълимӣ, ки дар онҳо ташкилу баргузории истироҳати тобистонаи кӯдакону наврасон пешбинӣ шудааст, то 30 майи соли 2019 корҳои ободонӣ, сохтмонӣ, таъмиру барқароркунӣ, муҷаҳҳазгардонии биноҳо ва майдончаҳои варзишӣ, ҳавзҳои шиноварӣ, сабзазоркунию ниҳолшинониро ба анҷом расонида, иншооти мазкурро барои қабули кӯдакону наврасон омода намоянд.
Раёсати маорифи шаҳри Душанбе вазифадор гардидааст, ки истироҳатгоҳҳои берунишаҳрӣ ва майдончаҳои тандурустиву солимгардонии назди муассисаҳои таълимии шаҳрро бо кадрҳои роҳбарикунанда, мураббия, омӯзгор ва роҳбарони бадеию варзишӣ таъмин намуда, доир ба баргузории чорабиниҳои таълимию тарбиявӣ ва фарҳангӣ, ки дар баланд бардоштани сатҳи маънавиёти кӯдакону наврасон мусоидат менамоянд, тадбирҳои самаранок андешад.
Раёсати мазкур ҳамчунин барои дар истироҳатгоҳҳои берунишаҳрӣ ва майдончаҳои солимгардонии назди муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе ташкил намудани гурӯҳҳои истироҳатӣ-омӯзишии фанҳои дақиқ ва омӯзиши забонҳои русию англисӣ барои хонандагони болаёқат ва назорати фаъолияти онҳо муваззаф гардидааст.