ДУШАНБЕ, 20 апр — Sputnik. Раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон бо раиси шаҳри Душанбе Рустам Эмомалӣ, имрӯз дар вазъияти тантанавӣ Амфитеатри Муассисаи давлатии “Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Абулқосими Фирдавсӣ”-ро ба баҳрабардорӣ расониданд. Дар ин бора хадамоти матбуотии раисҷумҳур менависад.
Тетари тобистона, дар доираи таҷлили Рӯзи пойтахт рост омода, туҳфаи роҳбарияти олии давлату Ҳукумат барои сокинону меҳмонони шаҳри Душанбе маҳсуб меёбад.
"Эмомалӣ Раҳмон зимни ошноӣ бо ин муассиса, ба корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, ифтитоҳи ин иншооти фарҳангиро дар ҳудуди боғи фарҳангу фароғатӣ муҳим ва саривақтӣ хонда масъулинро ҷиҳати истифодаи пурсамар аз шароити дар он муҳайёгардида ва ташкили барномаҳои гуногуни фарҳангию фароғатӣ дастур доданд",-омадааст дар хабарнома.
Ба иттилои манбаъ, амфитеатр дорои 1500 ҷойи нишаст ва дигар иншооти ёрирасон, аз ҷумла дар ошёнаи якум нуқтаи чиптафурӯшӣ, утоқҳои маъмурияти боғ, дар ошёнаи дуюм бошад, ҳуҷраи ороишдиҳӣ ва дигар ҳуҷраҳои техникӣ тарҳрезӣ гардидааст.
Корҳои сохтмонии Амфитеатр моҳи июли соли 2018 оғоз гардида, дар ин давра беш аз 200 нафар мутахассисони маҳалӣ бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин гардиданд.
Бинои иншооти мазкур пурра бо сангҳои маҳаллӣ ороиш дода шуда, аз санъати баланди миллию меъморӣ дарак медиҳад.
Театри тобистона аз лиҳози бехатарӣ ҳам ба талабот ҷавобгу буда, дар гушаву канори он камераҳои назоратӣ насб карда шудааст.
Масоҳати умумии Муассисаи давлатии Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Абулқосими Фирдавсӣ 30 гектарро ташкил дода, дар он барои истироҳату фароғати сокинону меҳмонони пойтахт шароити арзанда муҳайё карда шудааст.
Боғи мазкур соли 2018 дар доираи иқдомҳои президент пурра навсозӣ гардида, дар он атраксионҳои замонавӣ, майдончаҳои муосири варзишӣ ва дигар инфрасохтори зарурӣ бунёд карда шуд.
Пас аз ошноӣ бо шароити муҳайёгардида дар театри тобистона, Эмомалӣ Раҳмон бо сокинону меҳмонони пойтахт мулоқот намуд.