ДУШАНБЕ, 23 апр — Sputnik. Шоири тоҷик Озар Салим барандаи ҷоизаи "Килки Заррин" дар Афғонистон шудааст. Дар ин бора дар саҳифаи фейсбукии шоир хабар дода мешавад.
Тавре гуфта мешавад, "Килки Заррин" дар Афғонистон соли 2010 ташкил ёфт. Ҳамасола ба ин ҷоиза шоирону нависандагони афғон навиштаҳояшонро пешниҳод мекунанд.
Имсол бошад, Озар Салим, шоири шинохтаи тоҷик барандаи ҷоиза шудааст.
Вазорати иттилоот ва фарҳанги Афғонистон ҷоизаро ба намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Кобул супоридаанд, то ба соҳибаш расонанд.
Соли 2018 ба "Килки Заррин" шоири мардумии Тоҷикистон Фарзона сазовор шудааст.
Озар Салим соли гузашта бо шеъри "Модар фаришат буд" байни мардуми Тоҷикистон ва форсизабонони дунё номитар шуд. Ин шеъри ӯро бештар аз 7 овозхон ба оҳанг даровардаанд.
Шоир Ниҳонӣ ҳатто дар пайравии Озар як шеър дар васфи модар навишт.