Зеленский дар бораи ошноӣ бо Путин нақл кард

© REUTERS \ Valentyn OgirenkoКандидат в президенты Украины, актер Владимир Зеленский
Кандидат в президенты Украины, актер Владимир Зеленский - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Владимир Зеленский имрӯз президенти расмии Украина эълом шуд. Ӯ дар мусоҳибае ошноӣ бо президенти Русия Владимир Путинро шарҳ дод

ДУШАНБЕ, 30 апр — Sputnik. Президенти Украина Владимир Зеленский гуфт, ки шахсан бо кишвардори Русия Владимир Путин ошно нест.

Владимир Зеленский рӯзи сешанбе ба рӯзноманигори украинӣ Дмитрий Гордон мусоҳиба кард.

Ин мусоҳиба тариқи шабакаи "112 Украина" намоиш дода шуд.

"Не. Вале, дидаам",-гуфт Зеленский дар ҷавоб ба саволи рӯзноманигор дар бораи ошноӣ бо Путин.

Дебаты кандидатов в президенты Украины - Sputnik Тоҷикистон
Раҳмон ба Зеленский: мо ба ояндаи муносибатҳои дӯстӣ назари нек дорем

Ёдоварӣ мекунем, ки рӯзи 30 апрел Комиссияи марказии интихоботии Украина хулосаҳои ҷамъбастии интихоботи президентиро эълом кард.

Тибқи гузориши КМИ, коргардон ва ҳунарпеша-Владимир Зеленский бо гирифтани 73,22 дарсади овозҳо президенти Украина интихоб шуд.

Ваъдаи мухолифат ва кумак: вокуниши Порошенко ба пирӯзии Зеленский

Кишвардори кунунӣ-Петр Порошенкаро ҳамагӣ 24 дарсади аҳолӣ дастгирӣ карданд.

"Хаста шудам": Украина президенти навашро интихоб кард-Владимир Зеленский

Лентаи хабарҳо
0