Раҳмон ба Зеленский: мо ба ояндаи муносибатҳои дӯстӣ назари нек дорем

© Sputnik / Стрингер / Гузариш ба медиабонкДебаты кандидатов в президенты Украины
Дебаты кандидатов в президенты Украины - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ба Президенти тозаинтихоби Украина Владимир Зеленский барқияи табрикотӣ ирсол кард

ДУШАНБЕ, 24 апр - Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон Владимир Зеленский, роҳбари тозаинтихоби Украинаро дар пирузиаш дар интихоботи Президентӣ табрик кард, иттилоъ додааст дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон.

Бино бар иттилои манбаъ, Эмомалӣ Раҳмон ба  Владимир Зеленский барқияи табрикотӣ ирсол кард.

Мы сделали это вместе!: Зеленский одержал победу на выборах - Sputnik Тоҷикистон
"Мо якҷо пирӯз шудем!": Зеленский президенти Украина шуд-видео

Дар  барқияи табрикотӣ, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон роҳбари тозаинтихоби Украинаро ба муносибати пирӯзиааш дар интихоботи Президенти Украина самимона табрик намуда аст.

“Ба Шумо сиҳатии бардавому пирўзиҳои навин ва ба мардуми дӯсти кишвари Шумо саодатмандиву рифоҳ ва шукуфоии рӯзафзун таманно дорам”, - гуфта шудааст дар барқияи табрикотӣ.

Роҳбари Тоҷикистон дар барқияи табрикоти қайд намудааст, ки мардумони Тоҷикистону  Украинаро  анъанаҳои равобити нек, ҳусни таваҷҷуҳ ва кишварҳоро ҳамкориҳои судманди гуногунҷанба дар арсаҳои мухталифи мавриди таваҷҷуҳи тарафайн ба ҳам мепайванданд.

“Мо ба ояндаи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории байни кишварҳоямон назари нек дорем”, - таъкид намудааст Эмомалӣ Раҳмон.

Инчунин раисҷусмҳури Тоҷикистон зикр намудааст, ки бо талошҳои муштарак муносиботи дуҷонибаи Тоҷикистон ва Украина минбаъд низ бар манфиатҳои мардуми ду кишвар густаришу таҳким хоҳанд ёфт.

Лентаи хабарҳо
0