ДУШАНБЕ, 30 апр — Sputnik. Шурӯъ аз 4 майи соли равон дар чор ноҳияи шаҳри Душанбе ярмаркаҳои фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал баргузор мегарданд, иттилоъ додааст хабаргузории “Ховар”.
Манбаъ афзудааст, ки ин ярмаркаҳо бо мақсади фаровонии бозори истеъмолӣ ва ғанигардонии дастурхони сокинону меҳмонони пойтахт, инчунин пешгирии болоравии нархи маводи озуқа дар моҳи шарифи Рамазон ташкил карда мешаванд.
Ярмаркаҳои мазкур дар КВД “Бозори Меҳргон”-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ, буриши кӯчаҳои Ҳусейнзода ва Мирзо Турсунзодаи ноҳияи Шоҳмансур (назди Кумитаи сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон), майдончаи назди бозори “2Қарияи боло”-и ноҳияи Сино, майдончаи назди КВД “Бозори Саховат”-и ноҳияи Фирдавсӣ ва майдончаи назди КВД “Бозори Деҳқон”-и ноҳияи Сино ташкил гардида, дар онҳо маҳсулоти мавриди ниёзи аввал ба сокинону меҳмонони шаҳр бо нархҳои дастрас пешниҳод мешаванд.
Дар ярмаркаҳо аз ҷониби Корхонаи воҳиди давлатии “Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия дар шаҳри Душанбе”, Иттифоқи “Тоҷикматлубот” ва Агентии захираҳои моддии давлатӣ маҳсулоти мавриди ниёзи аввал манзур карда мешаванд.
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба раисони ноҳияҳои пойтахт супориш додааст, ки дар ҳамкорӣ бо сохторҳои марбутаи шаҳрӣ бобати дар сатҳи баланди ташкилию фарҳангӣ гузаронидани ин ярмаркаҳо, ҷойгир кардани ғуфра ва растаҳои савдо, ки ба талаботи муосир ҷавобгӯй мебошанд, тадбирҳои зарурӣ андешанд.