Дар Душанбе фестивали "Бозори баҳорӣ" доир мегардад

© Sputnik / Стас ЭтвешОдежда из адраса на празднике Навруз на ВДНХ
Одежда из адраса на празднике Навруз на ВДНХ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ба Фестивал ширкатҳои сайёҳии ватанию хориҷӣ, ҳунармандон аз тамоми минтақаҳои кишвар, доираи корпусҳои дипломатии муқими Тоҷикистон ва истеҳсолкунандагони дигар маҳсулоти миллӣ ҷалб карда мешаванд

ДУШАНБЕ, 22 апр — Sputnik. Рӯзҳои 27-28 апрели соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе  Фестивал ва Намоишгоҳи маҳсулоти ҳунармандӣ таҳти унвони "Бозори баҳорӣ" (Spring Market) доир мегардад, иттилоъ додааст агентии "Ховар".

Муҳиддин Музаффар. акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Коргардон Муҳиддини Музаффар: ширкат дар фестивал бароям ғолибият аст

Бино ба иттилои манбаъ, Фестивал ва Намоишгоҳ бо ташаббуси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарпарастии Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ барпо мегардад.

Ин чорабинӣ дар ҳамкорӣ бо ҶСП "Си Эйч Эл Интернэшнл" бо мақсади рушди истеҳсоли маҳсулоти ҳунармандӣ ва фурӯши он, муаррифии анъанаҳо ва хурокҳои миллӣ, тақвияти робитаҳои сайёҳӣ ва ҷалби сайёҳон дар саҳни бинои меҳмонхонаи "Ҳилтон-Душанбе" баргузор карда мешавад.

Ҷашнвораи мазкур ба Рӯзи Пойтахт ва Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бахшида шуда, дар кори он ширкатҳои сайёҳии ватанию хориҷӣ, ҳунармандон аз тамоми минтақаҳои кишвар, доираи корпусҳои дипломатии муқими Тоҷикистон ва истеҳсолкунандагони дигар маҳсулоти миллӣ ҷалб карда мешаванд. 

Намоиши истеҳсоли маҳсулоти ҳунармандон ва хизматрасонии ширкатҳои сайёҳӣ бо услуби муосир тибқи талаботҳои байналмилалӣ ороиш дода мешаванд.

Лентаи хабарҳо
0