ДУШАНБЕ, 29 апр — Sputnik. Дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбакистон нашриёти “Камолак” девони Камоли Хуҷандиро бо забони узбакӣ зери тарҷумаи Олимҷон Бӯриев интишор намудааст, иттилоъ додааст агентии “Ховар”.
Ин армуғонест ба шарафи 700 –солагии шоири шаҳири тоҷик Камоли Хуҷандӣ.
Девони Шайх Камол бо ташаббуси Академияи фанҳои Узбакистон, Осорхонаи давлатии ба номи Алишер Навоӣ таҳия ва омода шудааст.
Дар мақолаи академик Азиз Қайюмов, ки дар оғози девон оварда шудаст, гуфта мешавад, ки Камоли Хуҷандӣ аз муътабартарин суханварони замонаш буда, ин маҳбубият миёни хонандагони чаҳон рӯзафзун аст.
Ба иттилои манбаъ, Олимҷон Бӯриев шоир ва тарҷумони мумтози Узбакистон буда, то ин дам “Хамсаҳо”-и Низомиву Деҳлавӣ, “Ҳафт авранг”-и Ҷомӣ ва девони ҳофизи Шерозиро тарҷума кардааст.