Васияти гумшудаи шоир: Оромгоҳи устод Лоҳутиро ба Тоҷикистон барем?

© Sputnik / Иван Шагин / Гузариш ба медиабонкПисатель Абдулькасим Лахути (справа) беседует с народным акыном на I съезде писателей. Архивное фото
Писатель Абдулькасим Лахути (справа) беседует с народным акыном на I съезде писателей. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
"Кохи муҳташами шеъри форсии тоҷикӣ дар ибтидои асри 20 дар Мовароуннаҳр торик буд, дар ҳар гӯшае як шамъ меафрӯхт, ки фақат гирди худро равшан мекард. Лоҳутӣ чун барқ омад ва ин қасрро равшанӣ бахшид", - гуфтааст устод Муъмин Қаноат

ДУШАНБЕ, 15 дек — Sputnik, Фарида Бобоҷонова. Ҳануз тобистон буд, дар яке аз гурӯҳҳои фейсбукӣ акс ва паёмеро дидам. Он ҷо гуфта мешуд, ки оромгоҳи устод Лоҳутӣ ҳоли харобе дорад ва мавзуъи интиқоли он ба Тоҷикистон баррасӣ мешуд.

Пас аз он, чанд паёми дигареро ҳам дидам, ки боз ҳам мавзуъи интиқоли оромгоҳи устодро матраҳ мекарданд. Чанд пажӯҳишеро ҳам хондам, ки аз васияти устод Лоҳутӣ нақл мекард, ки гуфта: "Вақте ки ман мемирам, ин ҳукми табиат аст, мурдаи маро сӯзонед ва муваққатан дар Маскав нигаҳ доред. Агар пас аз 10 — 15 сол дар Эрон инқилоби мардумӣ шавад, хокистари маро ба Кирмоншоҳ бибаред. Аммо агар Эрон озод нашавад, онро ба ватани дувуми ман, ба Тоҷикистон бибаред. Ин васияти ман аст. Ман мехоҳам, ки инро ту ҳам бидонӣ". Бино ба пажӯҳиши профессор Имомназар Келдиев, устод Лоҳутӣ ин васиятро ба устод Абдусалом Деҳотӣ кардааст.

Аммо, аз он рӯз на 10 — 15 сол, балки 60 сол сипарӣ шуд. Иттиҳоди Шуравӣ ҳам фурӯ пошид ва Тоҷикистон акнун худсолор аст. Дар Эрон ҳам инқилоб шуд, аммо инқилоби исломӣ. Вале оромгоҳи устод Лоҳутӣ ҳамчунон дар гӯристони "Новодевиче" дар Маскав аст…

© Sputnik Главный вход на новодевиче кладбище
Васияти гумшудаи шоир: Оромгоҳи устод Лоҳутиро ба Тоҷикистон барем? - Sputnik Тоҷикистон
Главный вход на новодевиче кладбище

Барои огаҳ шудан аз асли ҳол, ки оё дар воқеъ гӯри устод дар ҳоли хароб қарор додард, як рӯз ба оромгоҳ рафтам.

Оромгоҳи Новодевиче гӯристонест, ки дар он Елсин, Хрушев, Гогол, Чехов ва бисёре дигар аз номдорони Русия ва Шуравӣ ба хок супурда шудаанд.

Рӯзи сарду пурбарфи зимистон буд. Оромгоҳ дар маркази Маскав ҷой гирифта аст. Рафтам ва донистам, ки онро на танҳо нигаҳбонӣ, балки посбонӣ ҳам мекунанд. Ёфтани макони охирати устод мушкил набуд. Дар яке аз радаҳои аввал ҷой гирифта буд. Дар назди қабр шамъи калоне аз бетон меистод. Рӯйи қабр барфпӯш, як гулдаста ҳам гузошта шуда буд. Ростӣ, гулҳояш каме пажмурда буданд, аммо худ вуҷудашон гувоҳ бар ин буд, ки касе мазорро зиёрат кардаву гул овардааст.

© Sputnik Могила Абулькасим Ахмад-заде Лахути
Васияти гумшудаи шоир: Оромгоҳи устод Лоҳутиро ба Тоҷикистон барем? - Sputnik Тоҷикистон
Могила Абулькасим Ахмад-заде Лахути

Назди посбони гӯристон рафтам:

—  Салом алейкум!

— Алейкум салом.

— Фарида ном дорам ва хабарнигор ҳастам. Мехостам чанд суолро аз Шумо бипурсам.

—  Хушнудам, бале бифармоед.

—  Ин ҷо Лоҳутӣ ном хориҷие ба хок супурда шудааст.

—  Хуб

— Донистан мехостам, ки масъули нигоҳубин ва поксозии оромгоҳаш кист?

— Хешовандону наздиконаш. Бисёре ҳам ба зиёраташ меоянд.

— Яъне кормадони гӯристон ин масъулиятро надоранд?

—  На, надоранд.

— Оё он мазор зиёраткунанда бисёр дорад?

— Бале, аммо асосан дар мавсими тобистон. Ҳоло камтар. Медонам, ки бисёртар эрониён меоянд. Шумо ин мавзуъро беҳтар аст аз мудирияти оромгоҳ бипурсед.

—  Хуб, сипосгузорам.

Назди мудирияти оромгоҳ даромадам. Алексей Николаевич Бородин, мудири гӯристон, қариб ҳамон гуфтаҳои нигаҳбонро такрор кард. Аммо афзуд, ки гӯристон замоне гӯрҳоро нигоҳубин ва рӯбучин мекунад, ки бо хешовандону наздикони марҳум қарордод дошта бошад.

Фаҳмо, яъне миқдоре пул бояд пардохт кунанд…

Ҳамкорамро гуфтам, биё дигар манзилҳоро ҳам бубинем. Оромгоҳ куллан ороставу пероста буд, аммо гӯрҳое ҳам буданд, ки солҳо боз зиёрат нашудаву бо хору буттаҳо пӯшида шуда буданд.

© Sputnik / © Sputnik / Стас ЭтвешСтарая могила на новодевичьем кладбище, архивное фото
Васияти гумшудаи шоир: Оромгоҳи устод Лоҳутиро ба Тоҷикистон барем? - Sputnik Тоҷикистон
Старая могила на новодевичьем кладбище, архивное фото

Ин ҳарфҳо асос надоранд

Барои рӯшанӣ андохтан ба ин қазия бо духтари устод Лоҳутӣ ҳамсуҳбат шудам.

"Ман бисёр хушҳолам, ки дар Тоҷикистон ёди падарамро гиромӣ медоранд. Лекин гуфтаҳое, ки гӯё қабри падарам фаромӯш шудааст, асосе надоранд.  Падари ман дар яке аз оромгоҳҳои машҳури Маскав мадфун аст ва барои зиёрати эшон ҳайъатҳои гуногун ва шахсони алоҳида, аз ҷумла аз Тоҷикистон ва Эрон меоянд", — гуфт Лайло-хонум.

(Таронае матн ва оҳанги онро худи устод Лоҳутӣ бахшида ба ҳамсарашон навиштаанд, бо овози ҳунарманди мардумии Иттиҳоди Шуравӣ Ҷӯрабек Муродов)

Коршиносони тоҷик ҳама бар як ақидаанд: мавқеъи Лоҳутӣ дар адабиёти тоҷик бузург аст. Аммо дар мавзуъи интиқоли қабр ба Тоҷикистон фарзияҳои гуногун вуҷуд дорад.

Адабиётшинос Рустам Ваҳҳоб, устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, бар ин назар аст, ки агар васияти устод мустанад бошад, пас иҷрои он амри лозим аст.

"Ҳузури турбати устод Лоҳутӣ дар Тоҷикистон мояи ифтихор хоҳад буд, зеро вай дар канори устод Айнӣ яке аз асосгузорони адабиёти навини мо ҳастанд", — мегӯяд устоди донишгоҳ.

Ба гуфтаи устод Ваҳҳоб, мавзуъи интиқоли қабри устод Лоҳутӣ аз Маскав ба Тоҷикистон дар замони Шуравӣ, дар даврони раёсати Горбачёв ва бозсозӣ матраҳ шуда буд, аммо роҳи ҳалли он пайдо нашуд.

"Интиқоли қабр муқаддимаҳое дорад, ки бояд ҳамоҳанг шавад ва албатта ин кор танҳо дар сатҳи давлатӣ метавонад иҷро шавад", — таъкид мекунад вай.

Аммо устоди донишгоҳ назари дигареро ҳам пешниҳод кард: Тоҷикистон метавонад дар нигоҳубин ва таъмири оромгоҳ саҳмгузор бошад.

Ба гуфтаи вай, марқади Мирзо Абдулқодири Бедил дар ҷараёни сафари расмии Раисҷумҳури Тоҷикистон ба Ҳиндустон аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон таъмир шудааст.

"Яъне ин бузургон на танҳо шахсияташон ва осорашон, балки оромгоҳашон ҳам дар ҳар кишваре бошанд, метавонанд як нуқтаи таомул ва робита қарор бигиранд. Ҳатто оромгоҳашон намояндагӣ мекунад ва масалан дар Маскав ҳам тоҷикон ҳастанд, эрониҳо ҳастанд ва соҳибони адабиёти форсизабон ҳастанд ва Лоҳутӣ ҳам шоири ҷаҳонӣ аст ва ин тарафи қазияро ҳам бояд фикр кард", — таъкид мекунад ӯ.

Ба фикри Рустам Ваҳҳоб,  бояд дар интиқоли марқад шитоб накард, чун роҳҳи ҳалли ин мушкил дар ҳама ҳолат вуҷуд дорад.

Рӯзноманигори мустақил Исфандиёр Назар ҳам бар  он аст, ки беҳтар аст оромгоҳи устод Лоҳутӣ дар Маскав бимонад.

Ба гуфтаи ин коршинос, васияти Лоҳутӣ дар ҳақиқат асос дорад ва писари Лоҳутӣ боре кӯшиш ҳам кардааст, ин ин васиятро амалӣ кунад, аммо бархе мушкилот пеш омадаанд.

"Ман ҳам пештар фикр мекардам, ки бояд қабри Лоҳутӣ дар Тоҷикистон бошад, масалан дар канори оромгоҳи устод Айнӣ! Аммо ҷобаҷоии оромгоҳҳои аллома Ғафурову Расулову амсолашон фикрамро тағйир дод", — гуфт ӯ бо нигаронӣ.

Вай афзуд, ки дар Маскав қабри устод Лоҳутӣ ҳаргиз ба боди фаромӯшӣ нахоҳад рафт ва бояд аз ин ҷиҳат хотирҷамъ буд.

Адабиётшинос Абдураҳмон Абдуманнонов мегӯяд мавзуъи интиқоли қабри Лоҳутӣ ба Тоҷикистон ҳануз дар солҳои 1980-ум матраҳ шуда буд. Ба гуфтаи вай, адибони Тоҷикистон дар ин масъала ду назар доранд: бархе бар инанд, ки оромгоҳ интиқол ёбад, дигарон ҷонибдори ором гузоштани руҳи Лоҳутӣ ҳастанд.

"Аз он ҷо овардани Лоҳутӣ  ба маънои саргардон кардани турбати он касро дорад.  Шоирону адибони тоҷики зиёде дар хоки Эрон ва Афғонистон  мадфун шудаанд, лекин онҳоро гирифта наоварданд", — мегӯяд Абдураҳмонов.

Ба гуфтаи коршинос, вай то ҳануз далели васияти устод Лоҳутиро дар бораи интиқоли қабр пайдо накардааст.

"Ман замоне, ки садсолагии Лоҳутиро ҷашн мегирифтем, чандин бор бо хонаводаи Лоҳутӣ — бо Силсилабону, бо Гев, бо Лайлохонум суҳбат доштам ва дар ин маврид ҳарфе нашунидам. Бойгонии устодро хуб медонам ва ин гуна васиятро дар он надидаам. Лекин ҳамин қадр дақиқ маълум аст, ки мегуфтанд, ки маро дар Эрон нагӯронед, зеро режими подшоҳӣ гӯри маро месӯзонад. Яъне ба ҳамин маънӣ", — мегӯяд вай.

Абдураҳмоннов бар ин назар аст, ки Лоҳутиро набояд "гӯр ба гӯр кард".

"Ман фикр мекунам, ки қабри Лоҳутӣ бигзор дар ҳамон ҷо бошад. Агар ҳукумати мо имкону майл дошта бошад, ки як нафар шоири барҷастае, ки барои фарҳанги мо ин қадар хидмат кардааст, гӯраш обод бошад, як миқдор пул ҷудо кунаду қарордод бандад бо қабристон. Ба фикрам аз будҷаи ҷумҳурӣ чизе кам намешавад аз ин кор. Чунки Лоҳутӣ на танҳо ба хонаводааш, балки ба миллату кишвари мо ҳам нисбат дорад", — афзуд вай.

Тоҷикистон ва Лоҳутӣ

Абулқосим Лоҳутӣ соли 1925 ба Тоҷикистон омада, дар мубориза бо душманони ҳаёти нав ва сохтмони кишвари сосиалистӣ фаъолона ширкат кардааст. Вай муддате мудири шуъбаи ташвиқу тарғиби Шурои ташкилии Кумитаи ҳизбии вилоятӣ ва ҷонишини Комиссари халқии маориф буда, дар таъсиси Нашриёти давлатии ҷумҳурӣ бевосита ширкат кардааст. Чунончи, нахустин дастгоҳи чопро вай худ бо ароба аз Тирмиз ба Душанбе оварда буд.

© Sputnik / Амир ИсаевПамятник Абулкасыму Лахути в Душанбе, архивное фото
Васияти гумшудаи шоир: Оромгоҳи устод Лоҳутиро ба Тоҷикистон барем? - Sputnik Тоҷикистон
Памятник Абулкасыму Лахути в Душанбе, архивное фото

Лоҳутӣ соли 1931 хабарнигори рӯзномаи шуравии "Правда" таъйин шуда ва соли 1933 Кумитаи муассисони Иттифоқи нависандагони Тоҷикистонро роҳбарӣ кардааст ва чанде раиси ифтихории он буд. Вай дар Нахустин Анҷумани нависандагони Иттиҳоди Шуравӣ, ки дар соли 1934 баргузор шуда буд, гузорише дар бораи адабиёти нави тоҷикӣ дода буд. Сипас чанд соле дабири масъули Иттифоқи нависандагони Иттиҳоди Шуравӣ буд. Соли 1935 дар ҳайъати аҳли адабу фарҳанги шуравӣ дар Ҳамоиши байналмилалии пуштибонӣ аз фарҳанг, ки дар Порис барпо гардида буд, ширкат ва суханронӣ карда буд. Соли 1934 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон шуда буд. Лоҳутӣ 16 марти соли 1957 дар шаҳри Маскав дар гузашт. Ӯро дароромгоҳи Новодевичие ба хок супурданд.

Лоҳутӣ ва шеъри нави тоҷик

Ба гуфтаи Исфандиёр Назар, бо омадани Лоҳутӣ ба Тоҷикистон на танҳо шеъри навини тоҷик, шеъри дар қолибҳои пешин шахшудаи шоирони Бухоро ранг бохт, балки шеър аслан тарҳу рангу бору садои дигар пайдо кард!

Вай афзуд, устод Абулқосим Лоҳутӣ дар канори Садриддин Айнӣ яке аз қаҳрамонҳои Тоҷикистон аст, ки саранҷом бояд ин унвонро соҳиб шавд. Он гоҳ гиромидошти шоир ва хидматҳояш бояду шояд қадрдонӣ мешавад.

Рустам Ваҳҳоб ҳам мегӯяд, ки Лоҳутӣ то охири умраш Тоҷикистонро дӯст медошт ва онро хонаи умеди худ медонист.

"Мо ҳоло  шумораи махсуси "Садои Шарқ"-ро  ба муносибати 90-солагии маҷалла таҳия мекунем. Хотироти ҳамсари Лоҳутӣ Силсилабонуро аз шумораи солҳои пеш мутоила кардем, ки дар он ҷо мегӯяд, ки дар бемористон ҳамагӣ чанд соат қабл аз марг устод Лоҳутӣ яке аз намоишномаҳои машҳури театри русро ба забони тоҷикӣ тарҷума карда буд ва охирон таҳрирашро дар ҳамон ҷо анҷом дод. Дар грамофон як паёми садоӣ барои  ҳунарпешаҳои тоҷик ҳам сабт кард. Яъне ӯ то охирон нафасаш бо Тоҷикистон буд. Эътиқод ва муҳаббати Лоҳутӣ нисбат ба Тоҷикистон ва миллати тоҷик ва кишвари тоҷик то охирин нафасҳояш барқарор будааст. Ва мо далелҳо дорем".

Аммо Абдураҳмон Абдуманноновро на интиқоли қабр, балки бузургдошти Лоҳутӣ дар Тоҷикистон нигарон кардааст. Вай мегӯяд, мутаасифона дар манобеъҳои расмии адабӣ аз Лоҳутӣ кам андар кам ёд мешавад.

"Имсол, бисёр хуб аст, ки ҷашни 130-солагии Лоҳуитиро ҷашн гирифтем. Ба ҳар ҳол аз устод ёд мешавад, лекин мутаасифона кам. Мо на танҳо аз Лоҳутӣ, балки аз чанде аз бузургони дигар, мисли Турсунзода ҳам кам ёд мекунем", — мегӯяд вай.

Лоҳутӣ ва Айнӣ

Шодравон Камол Айнӣ дар яке аз мусоҳибаҳояш аз солҳое, ки Айниро наздик буд душмани халқ эълон кунанд, ёдовар шудааст ва равшану ошкор хидматҳои Лоҳутиро ба устод Айнӣ ёдоварӣ кардааст.

"Падарамро хоназиндон карданд. Мо хабар надоштем, ки аллакай ҳукми парронданашро дар Маскав Берияи хабис имзо кардааст. Дӯстону қадрдонҳои қиблагоҳ хабари хоназиндон шуданашро ба Душанбе, Тошканду Маскав расонданд. Хуб дар ёдам аст, ки қиблагоҳ мехостанд дар ҳамон шабу рӯз ба устод Лоҳутӣ, ки дар Маскав буд, занг занад, аммо иҷозати аз хона берун рафтан надоштанд. Устод Лоҳутӣ хабар ёфт, оҷил ба номи Александр Фадеев, ки муовин ё котиби Иттифоқи нависандагони Шуравӣ буданд, мактуб навишта, китоби "Дохунда"-ро, ки нав бо забони русӣ тарҷума ва мунташир шуда буд, ба вай мерасонад….", — гуфта буд вай.

© blogspot / sadriddinainiУстодон Айни ва Лохути, архивное фото
Васияти гумшудаи шоир: Оромгоҳи устод Лоҳутиро ба Тоҷикистон барем? - Sputnik Тоҷикистон
Устодон Айни ва Лохути, архивное фото

Лоҳутӣ муаллифи суруди миллии Тоҷикистони шуравӣ ҳам ҳаст. Вай касест, ки бо ароба чанд шаҳрро тай карда,  ба Тоҷикистон дастгоҳи чоп овард. Лоҳутӣ касест, ки адибони муосири тоҷикро дастгирӣ ва тарбия кард. Лоҳутӣ касест, ки Тоҷикистонро ба ҷон дӯст медошт.

Аз назари коршиносон, аз далелҳое, ки дар даст дорем, метавонам ба худ як хулоса кунам. Намедонам, орзуи касоне, ки мехоҳанд қабри Лоҳутӣ дар Тоҷикистон бошад, амалӣ мешавад ё не. Ба ҳар ҳол дар ин масъала, ҳар шаҳрванди Тоҷикистон, ҳар коршиноси тоҷик назари худро дорад. Афзун бар ин, фарзандону набераҳову абераҳои Лоҳутӣ зиндаву саломатанд. Аммо Лоҳутиро, ки яке аз шаҳсутунҳои адабиёти Тоҷикистон  аст, мо ҳуқуқи маънавӣ надорем, ки ба боди фаромӯшӣ биспорем. Бузургдошти устод, ёди устод барои ҳамон касоне, ки мехоҳанд оромгоҳашро ҷобаҷо кунанд, бояд муҳимтар аз ҳар коре бошад.

Ба гуфти устод Муъмин Қаноат, Лоҳути чароғи равшане дар адабиёти навини тоҷикон буду мемонад: "кохи муҳташами шеъри форсии тоҷикӣ дар ибтидои асри 20 дар Мовароуннаҳр торик буд. дар ҳар гӯшае як шамъ меафрӯхт, ки танҳо гирди худро равшан мекард. Лоҳутӣ чун барқ омад ва ин қасрро равшанӣ бахшид".

Лентаи хабарҳо
0