Эмомалӣ Раҳмон ба гӯшаи Тоҷикистон дар «Экспо-2019» баҳои баланд дод

© Фото : Пресс-служба президента ТаджикистанаВизит президента Таджикистана в Китай
Визит президента Таджикистана в Китай - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар намоишгоҳ намудҳои гуногуни обҳои ташнашикани корхонаҳои ҷумҳурӣ, аз қабили «Оби зулол», «Зода», «Субҳи Ватан» ва «Комбинати хӯроквории Бохтар» пешкаш шуд

ДУШАНБЕ, 28 апр — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар Чин дар ноҳияи Янчин Намоишгоҳи байналмилалии боғдории Пекин «Экспо-2019»-ро тамошо кард. Дар ин бора хадамоти матбуотии президент хабар медиҳад.

Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони кишвари Чин аз гӯшаи Тозиденттон таҳти унвони «Боғдорӣ ва рушди деҳот», ки дар намоишгоҳ бо фарогирии масоҳати 100 метри мураббаъ мақоми хосае дошт, боздид кард.

Дар ин ҷо бо дастуру супоришҳои президент ба хотири муаррифии арзандаи неъматҳои моддию маънавии ҷумҳурӣ намояндагони сохторҳои марбутаи соҳаи боғдорӣ, тиҷорату сайёҳат ва ширкатҳои ватанӣ номгӯйи зиёди молу маҳсулоти истеҳсоли Тоҷикистон ва маводи имкониятҳои сайёҳии кишвари офтобиро ба маъраз гузоштанд.

Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Қаноатмандии Эмомалӣ Раҳмон аз рӯнамоии китобаш дар Чин

Дар маркази гӯшаи намоишгоҳи Тоҷикистон акси қуллаи баландтарини Исмоили Сомонӣ бо баландии 7495 метр намоён аст.

Тарҳи НБО нишони захираҳои бузурги гидроэнергетикии кишвари мо мебошад.

Тоҷикистон яке аз давлатҳои асосии содироткунандаи меваҳои хушк мебошад ва маҳсулоти ин навъи неъматҳо дар намоишгоҳ мавқеи хос дошт. Меваҳои хушки кишвар бо тозагии экологӣ, тамъи нотакрор дар ҷаҳон машҳур аст ва харидорони худро дорад.

Дар намоишгоҳ намудҳои гуногуни обҳои ташнашикани корхонаҳои ҷумҳурӣ, аз қабили «Оби зулол», «Зода», «Субҳи Ватан» ва «Комбинати хӯроквории Бохтар» пешкаш карда шуд.

Маҳсулоти боғдорӣ аз қабили меваҳои тозаву чормағз аз тарафи Вазорати кишоварзӣ, Вазорати саноат ва технологияҳои нав, КВД Хӯрокворӣ, Агентии хоҷагии ҷангали ҷумҳурӣ, Палатаи саноат ва савдо, Корхонаи Асали тоҷик, Интермед, Абрикос компания, Оро Исфара, Баракати Исфара, Исфарафрут, Меваи Канд Экофрут Исфара, Аввалин, ширкати Амирӣ ва Корхонаи Ширин, ба маъраз гузошта шуда буд.

Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо Ван Тсишан, муовини Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин - Sputnik Тоҷикистон
“Дӯстони нек, ҳамсояҳои хуб, шарикони боэътимод” – баҳои Раҳмону Тсишан ба муносибот

Ҳамчунин дар намоишгоҳ туҳфаҳо аз сангҳои нимқимматбаҳои корхонаҳои Рухом ва Асрори Санг намоиш дода шуд.

Гӯшаи Тоҷикистон аз рӯи хусусиятҳои хоси табиати кишвар — куҳҳо, обҳои мусаффо, имкониятҳои сайёҳӣ ва иншооти таърихӣ сохта шудааст.

Хонаи асал, катҳои чӯбини кандакоришуда, боғҳои ангур, курпаву курпачаҳои миллӣ, қолинҳо ва дигар кашидадӯзиҳои тоҷикӣ диққати сайёҳонро бештар ба худ ҷалб мекунад

Эмомалӣ Раҳмон пас аз тамошои гӯшаи Тоҷикистон дар намоишгоҳи Пекин ба намояндагони корхонаҳои кишвар ва шахсони масъули вазорату идораҳои марбутаи мамлакат баҳои баланд дода, барои ин иқдомашон изҳори сипос кард.

Лентаи хабарҳо
0