Баррасии парвозҳои мустақиму бонкҳо дар мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо президенти Швейтсария

© Sputnik / Сергей Гунеев / Гузариш ба медиабонкПрезидент РФ В. Путин встретился с президентом Таджикистана Э. Рахмон
Президент РФ В. Путин встретился с президентом Таджикистана Э. Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар шаҳри Пекин бо Ули Маурер, президенти Конфедератсияи Швейтсария густариши муносиботро баррасӣ кард

ДУШАНБЕ, 26 апр - Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, ҷонибҳо ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ, татбиқи муштараки лоиҳаҳои соҳавӣ, ифтитоҳи корхонаҳои муштараки истеҳсолӣ, илм, фарҳанг, маориф ва сайёҳиро баррасӣ намуданд.  

Полицейский на площади Тяньаньмэнь в Пекине, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Имрон Хон дар Пекин

Манбаъ афзуд, ки Ули Маурер дар навбати худ гуфт, “мо бо Тоҷикистон ҳамчун кишвари калидӣ дар Осиёи Марказӣ ҳамкории хуб дорем ва оянда ҳам кушиш мекунем ин ҳамкориро бар нафъи мардумонамон идома диҳем”.

Котиботи раисиҷумҳури Тоҷикистон таъкид кард, ки ҷонибҳо дар бораи фаъолсозии муколамаи сатҳи олии сиёсӣ, нақши Комиссияи байниҳукуматии ҳамкориҳои иқтисодӣ, пурзӯр кардани низоми бонкӣ ва барқарорсозии алоқаи мустақими ҳавоӣ байни Тоҷикистону Швейтсария табодули андеша намуданд.

Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Мевлут Чавушоғлу дар Туркия - Sputnik Тоҷикистон
Сипоси Туркия ба Тоҷикистон дар мавриди Гюлен ва мақсади миллиарддолларии Раҳмону Эрдуғон

Густариши робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ, рушди соҳаи сайёҳӣ, таҳкими робитаҳо дар арсаи байналмилалӣ, дар доираи ташкилотҳои бонуфузи минтақавию ҷаҳонӣ, аз қабили Созмони Милали Муттаҳид ва Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо аз мавзӯъҳои дигари ин мулоқот будаанд.

Дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон иттилоъ дод, ки дар охири мулоқот Эмомалӣ Раҳмон аз президенти Швейтсария даъват кард, ки дар вақти барояш муносиб бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф орад.

Лентаи хабарҳо
0