Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Имрон Хон дар Пекин

© REUTERS / Carlos BarriaПолицейский на площади Тяньаньмэнь в Пекине, архивное фото
Полицейский на площади Тяньаньмэнь в Пекине, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон 26 апрел дар шаҳри Пекин бо Имрон Хон, сарвазири Покистон мулоқот кард

ДУШАНБЕ, 26 апр - Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳи имрӯзаи муносибатҳои сиёсӣ бо Покистон, ки дар заминаи эътимод роҳандозӣ шудаанд, изҳори қаноатмандӣ кард.

Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Мевлут Чавушоғлу дар Туркия - Sputnik Тоҷикистон
Сипоси Туркия ба Тоҷикистон дар мавриди Гюлен ва мақсади миллиарддолларии Раҳмону Эрдуғон

Манбаъ афзуд, ки татбиқи лоиҳаи таърихии “CASA-1000” намунаи барҷастаи робитаҳои дуҷониба номида шуд.

“Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкориро дар арсаи амният, таҳкими сулҳу суботи минтақавӣ, мубориза алайҳи таҳдидҳои ҷаҳонӣ - терроризм, ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир ва ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, пурзур кардани ҳифзи марзи давлатии Тоҷикистон бо Афғонистон, баррасӣ карданд”, - омадааст дар иттилоия.

Котиботи раисиҷумҳур таъкид кард, ки ҳар ду ҷониб тарафдории худро барои таҳкими ҳамкории бисёрҷониба дар доираи созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони ҳамкории исломӣ ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ иброз доштанд.

Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамоиши “Як камарбанд, як роҳ” ширкат кард

“Изҳори итминон карда шуд, ки иштироки ҷониби Покистон дар Саммити 5-уми давлатҳои аъзои Машваратҳои ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё, ки соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, ҳамкории муштарак дар чаҳорчӯби ин иҷлосияи сатҳи олӣ, ба таъмини сулҳу субот, амният ва татбиқи тадбирҳои эътимод дар минтақаи Осиё ва дарёфти роҳҳои нави таҳкими ҳамкории созанда мусоидат хоҳад кард”, - афзуд котиботи раисиҷумҳури Тоҷикистон.

Лентаи хабарҳо
0