ДУШАНБЕ, 25 апр - Sputnik. Ахиран Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд бо директори генералии “Ширкати куҳӣ-саноатии Тоҷикистону Чин” Ли Шен Жен мулоқот намуд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти ҳукумати вилояти Суғд.
“Дар оғози мулоқот Раиси вилоят Ли Шен Женро ба муносибати директори генералии ширкат таъин шуданаш табрик карда, изҳори боварӣ намуд, ки фаъолияти “Ширкати куҳӣ-саноатии Тоҷикистону Чин” минбаъд боз ҳам беҳтар хоҳад шуд”, - таъкид намуд манбаъ.
Раҷаббой Аҳмадзода таъкид дошт, ки саноатикунонии кишвар ҳадафи чоруми миллӣ эълон гардидааст ва аз ин лиҳоз дар вилоят барои афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, ифтитоҳи корхонаҳои нав ва бо ҷойи корӣ таъмин намудани аҳолӣ таваҷҷуҳи хоса дода мешавад.
Инчунин зимни мулоқот, Раҷаббой Аҳмадзода таъкид намуд, ки бояд фаъолияти корхонаи “Зарнисор”, воқеъ дар шаҳри Гулистон ва корхонаи металлургии “Ширкати куҳӣ-саноатии Тоҷикистону Чин”, воқеъ дар шаҳри Истиқлол ҷоннок карда шуда, уҳдадориҳои ширкат таъмин карда шавад.
Дар ҳамин ҳол Ли Шен Жен аз густариши ҳамкориҳои дуҷониба изҳори хушнудӣ намуда, иброз дошт, ки то охири сол ширкат бо дастгирии Ҳукумати Тоҷикистон як хатти нави истеҳсолиро фаъол ва теъдоде аз сокинони маҳаллиро бо ҷойи корӣ таъмин менамояд.
Ҳамзамон зимни мулоқот қайд карда шуд, ки барои иҷрои уҳдадориҳо, аз ҷумла бунёди кӯдакистон ва таъмири роҳи роҳи мошингарди Бӯстон-Зарнисор тадбирҳои зарурӣ андешида хоҳад шуд.