"Амонатбонк" барои дастгирии лоиҳаҳои сармоягузорӣ аз Бонки Чин бо юан қарз мегирад

© сайт АмонатбанкаАмонатбанк и Госбанк развития Китая обсудили кредитную линию в юани
Амонатбанк и Госбанк развития Китая обсудили кредитную линию в юани  - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳайати кории Бонки давлатии рушди Чинро барои баррасӣ намудани масъалаҳои корӣ ва рушди ҳамкориҳои молиявии Бонки давлатии рушди Чин бо “Амонатбонк” вориди Душанбе шуд

ДУШАНБЕ, 23 апр – Sputnik. Раиси Амонатбок Сироҷиддин Икромӣ бо ҳайати гурӯҳи кории Бонки давлатии рушди Чин (БДРЧ) мулоқот анҷом доданд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти “Амонатбонк”-и Тоҷикистон.

Бино баир иттилои манбаъ, мақсади ташрифи ҳайати корӣ ин баррасии масъалаҳои корӣ ва рушди ҳамкориҳои молиявии БДРЧ бо “Амонатбонк”-будааст.

Зимни мулоқот тарафҳо масъалаҳои ба имзо расонидани хатти қарзии манфиатнок барои дастгирии лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар Тоҷикистон бо юани Чин баррасӣ намуданд.

Возле главного офиса Амонатбанка в Душанбе. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
“Амонатбонк” ва “АСБ Беларусбанк” ҳамкориҳоро тақвият мебахшанд

Ҷонибҳо дар доираи Ҷаласаи Иттиҳоди Байнибонкии СҲШ, ки моҳи июни соли ҷорӣ дар Қирғизистон баргузор хоҳад шуд, барои ба имзо расонидани санадҳои муҳим ба мувофиқа расиданд.

“Ҳамчунин ҳайати бонки Чин дар доираи густариши ҳамкориҳо масъалаи бозомӯзии кормандони Бонкро дар Чин арзёбӣ намуда, таъкид доштанд, ки ҳар нафар корманде, ки бо пешниҳоди Амонатбонк дар Чин такмили дониш менамояд пас аз бозгашт метавонад дар рушди ҳамкориҳо ва Бонк саҳми арзандаи худро гузорад”, - қайд намудааст манбаъ.

Манбаъ ёдрас шудааст, ки “Амонатбонк” тули бештар аз 10 сол бо БДРХ шартномаи ҳамкорӣ дошта дар ин муддат аз қарзҳои пешниҳоднамудаи Бонки мазкур, ки тариқи Амонатбонк сурат мегирифт, чандин лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар Тоҷикистон маблағгузорӣ шуда, самтҳои афзалиятноки хоҷагии халқ рушд ёфтаанд.

Дар фарҷоми мулоқот тарафҳо аз ҳамкорӣ изҳори қаноатмандӣ намуда ва барои омода кардани тамоми ҳуҷҷатҳои лозима барои ба имзо расонидани созишномаҳои нав тасмими ҷиддӣ гирифтанд.

Лентаи хабарҳо
0