ДУШАНБЕ, 25 апр — Sputnik. Хонандагони тоҷик дар Олимпиадаи байналмилалии лоиҳавии “INFOMATRIX-2019”, ки аз 20 то 24 апрели соли равон дар шаҳри Бухарести Руминия баргузор гардид, бо 22 медал баргаштанд, иттилоъ додааст маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон.
Манбаъ афзудааст, ки дар олимпиадаи мазкур аз 46 давлати дунё 1016 хонанда ширкат варзида, 595 лоиҳа пешниҳод намуданд.
Аз Тоҷикистон дар ин олимпиада 28 нафар хонанда иштирок карда, дар ҷамъбасти он 22 медал, аз ҷумла, 4 медали тилло, 6 медали нуқра ва 12 медали биринҷиро сазовор гардиданд.
Аз ҷумла, хонандагони литсей-интернати Президентии барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳиби 10 медал, мактаби байналмилалии Президентӣ соҳиби 6 медал, муассисаи хусусии таълимии ба номи “Абдураҳмони Ҷомӣ” соҳиби 4 медал ва мактаби байналмилалии Душанбе соҳиби 2 медал гардиданд.
Иштирокчиёни олимпиадаро масъулин дар якҷоягӣ бо намояндагони васоити ахбори омма дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ботантана истиқбол намуданд.
Ёдовар мешавем, ки аз аввали соли 2019 хонандагони кишвар дар 10 олимпиадаи байналмилалӣ, ки дар давлатҳои Қазоқистон, Беларус, Тайланд, Россия, Малайзия ва Руминия баргузор гардиданд, фаъолона иштирок намуда, сазовори 131 медал, аз ҷумла 32 медали тилло, 23 медали нуқра ва 76 медали биринҷӣ гардиданд. Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 53 медал (11 медали тилло ва 42 медали биринҷӣ) зиёд мебошад.