Вазири маориф ва илм: “Занги охир” дар мактабҳо барқарор намегардад

© Sputnik / Григорий Сысоев / Гузариш ба медиабонкПразднование последнего звонка
Празднование последнего звонка - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ба гуфтаи вазири маориф ва илми Тоҷикистон Нуриддин Саид, баргузор намудани чорабинии "Занги охир" барои амалҳои коррупсионӣ заминагузорӣ мекунад

ДУШАНБЕ, 4 фев - Sputnik. Дар Тоҷикистон ба хулосае омаданд, ки баргузории “Занги охир”-ро дар мактабҳо барқарор намекунанд, иттилоъ додааст хабаргузории ТоҷикТА.

Ба гуфтаи вазири маориф ва илми Тоҷикистон Нуриддин Саид, баргузор намудани ин чорабинӣ боиси сар задани амалҳои коррупсионӣ мегардад.

“Сабаби баргузор накарданӣ чорабиниҳои “Иди Алифбо” ва “Занги охир” дар он аст, ки таҷлили онҳо боиси сар задани амалҳои коррупсионӣ  мегаштаанд”, - гуфтааст вазир.

Ёдовар мешавем, ки баргузории “Занги охир” дар мактабҳои Тоҷикистон дар соли 2016 мамнуъ шуда буд. Ба ҷои ин чорабинӣ мактабҳо мувофиқи ҷадвалӣ кориашон фаъолият мекунанд.

“Занги охир” ҳар сол 25-уми май аз ҷониби хатмкунандагони мактабҳои кишвар ҷашн гирифта мешуд. Ин анъана то ҳол дар Русия ва дигар кишварҳои ҳамсуд боқӣ мондааст.

Инчунин дар соли 2010 дар мактабҳои Тоҷикистон таътилҳои тирамоҳию баҳориро, низ манъ карда буданд. Аммо муҳлати таътили зимистонаро дароз карда буданд. Сабаби ин норасоии қувваи барқ дар фасли сармо буд.

Аммо тирамоҳи соли 2018 таътилҳои тирамоҳию баҳориро барқарор намуданд.

 

Лентаи хабарҳо
0