Рустами Эмомалӣ мошину хона ва пул медиҳад

© Sputnik / Amir IsaevМэр Душанбе Рустам Эмомали
Мэр Душанбе Рустам Эмомали - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе феҳрасти ҳавасмандсозиҳо ва мукофотҳои раиси шаҳри Душанберо тасдиқ кард, ки аз сипоснома то хонаю мошинро дар бар мегирад

ДУШАНБЕ, 24 апр - Sputnik. Тибқи қарори имзокардаи раиси Душанбе, ҳадафи ин тасмим қадрдонӣ ва ҳавасмандкунӣ ба иҷрои уҳдадориҳои вазифавӣ, меҳнати пурсамару софдилона, ба даст овардани нишондиҳандаҳои назаррас ва гузоштани саҳми арзанда дар рушди иқтисодию иҷтимоии пойтахт мебошад.

Мужчина закрывает портфель, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Тағйироти кадрӣ: Қодирзода Саъдӣ, сардори Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон барканор шуд

Тавре аз шаҳрдорӣ ба Sputnik Тоҷикистон хабар доданд, барои саҳми арзанда дар рушди пойтахт шахсони воқеию ҳуқуқӣ метавонанд бо мукофотҳо, аз ҷумла хонаю мошин қадрдонӣ шаванд. Манбаъ афзуд, бо чунин туҳфаҳои қиматбаҳо метавонанд хизматчиёни давлатӣ, кормандони дастгоҳи раис ва мақомоти иҷроияи пойтахт, ки ба синни 58 ва 63 расидаанд, сазовор шаванд.  

Шаҳрдорӣ таъкид намуд, ки шаҳрвандони хориҷӣ низ бо пешниҳоди мақомоти дахлдор метавонанд бо мукофоти раиси Душанбе сарфароз гарданд.

Ба иттилои шаҳрдорӣ, мукофотҳои раиси пойтахт бо қарори Рустами Эмомалӣ ва тасвиби маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе тақдим мегардад.

Эмомали Рахмон провел заседение Совбеза страны  - Sputnik Тоҷикистон
Тағйироти кадрӣ: аз таъини сафир дар Эрон то розигӣ барои ноиби нави Рустами Эмомалӣ

Манбаъ илова намуд, ки ба феҳрасти ҳавасмандкуниҳо - нишони сарисинагии корманди ифтихории мақомоти иҷроияи Душанбе, кумакпулӣ, ҷой додани расм дар лавҳаи фахрӣ, сипосномаю ифтихорномаи раиси Душанбе шомил мебошанд. 

Қаблан Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон тағйирот ба қонун “Дар бораи мақоми пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро имзо намуд, ки заминаи ҳуқуқӣ барои ин қарори раиси Душанберо фароҳам кард.

“Мувофиқи ин иловаҳо мукофоту ҷоизаҳои раиси шаҳри Душанбе муқаррар гардидаанд, ки бо онҳо сокинони шаҳр ва дигар шаҳрвандоне, ки дар рушди пойтахт саҳми арзанда гузоштаанд, сарфароз гардонида мешаванд”, - тавзеҳ дода буд котиботи раисиҷумҳури Тоҷикистон.

Лентаи хабарҳо
0