Тағйироти кадрӣ: аз таъини сафир дар Эрон то розигӣ барои ноиби нави Рустами Эмомалӣ

Обуна шудан
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо имзои фармону қарорҳо як қатор тағйироти кадриро амалӣ намуд

ДУШАНБЕ, 10 апр - Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, бо фармонҳои Эмомалӣ Раҳмон ва қарорҳои Ҳукумат Зоҳидӣ Низомиддин аз вазифаи муовини якуми вазири корҳои хориҷӣ озод ва ба вазифаи сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон таъин гардид.

Мужчины с портфелем в руке. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Истеъфои Искандаров ва шарҳи Ҳукумат дар бораи вазъи марзи Қирғизистону Тоҷикистон

Нозирӣ Хусрав аз вазифаи сафир дар Ҷумҳурии Мисри Араб озод гардида, ба вазифаи муовини якуми Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид. Қодирӣ Ардашер ба вазифаи сафири  Тоҷикистон дар Малайзия таъин гардид.

Бо қарорҳои Ҳукумат, Сайфзода Шаҳло ва Ризвонзода Фирдавс муовинони раиси бонки давлатии  “Амонатбонк”, Бақозода Сайрам – муовини раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумат, Мирзозода Ардашер – муовини сардори Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардиданд.

Сумангул  Тагойзода министр труда, миграции и занятости населения Республики Таджикистан  - Sputnik Тоҷикистон
Сумангул Тағойзода 5 бартарии ирсоли муҳоҷирони тоҷикро ба Қатар гуфт

Бо қарорҳои Ҳукумат, Бобозода Ҳокимшоҳ – директори Муассисаи давлатии “Фонди дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва Назирмадзода Бахтиёр – муовини якуми директори Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардиданд.

Дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон афзуд, ки мутобиқи моддаи 20-уми Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ" барои аз вазифаи муовини якуми раиси шаҳри Бохтари вилояти Хатлон озод ва ба вазифаи муовини раиси шаҳри Душанбе таъин гардидани Гуреззода Умед розигӣ дода шуд.

Лентаи хабарҳо
0