Барканорӣ аз мақом баъди санҷиши додситонӣ: дар Панҷакент раис қонуни танзимро нақз кард

Обуна шудан
Дар ҷашни зодрӯзе, ки Аҳмадулло Иброҳимов оростааст, ҳатто шахсони масъули ҷамоати деҳот иштирок кадаанд. Аммо дертар додситонӣ санҷиш гузаронида, ба раиси шаҳр пешниҳод кардааст

ДУШАНБЕ, 23 апр — Sputnik. Дар шаҳри Панҷакент раиси ҷамоати деҳоти Хурмиро барои нақзи қонуни танзим - гузаронидани зодрӯз бо даъвати меҳмонони зиёд аз мақом барканор кардаанд.

Назирмад Ализода, сафир оид ба супоришҳои махсуси Тоҷикистон, ҳамоҳангсози миллӣ оид ба корҳои Созмони Ҳамкории Шанхай - Sputnik Тоҷикистон
Мансаби вижаи Назирмад Ализода баъди барканорӣ аз мақоми сафирӣ

Бино бар иттилои Додситонии кулли Тоҷикистон, Аҳмадулло Иброҳимов раиси ҷамоати деҳоти Хурмии шаҳри Панҷакент 20 марти соли 2019 бар хилофи талаботи моддаи 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" (тибқи талаботи моддаи 8-и Қонуни номбурда, зодрӯз бояд танҳо дар доираи оила гузаронида шавад) ҷашни зодрӯзашро дар манзили истиқоматиаш, воқеъ дар ҷамаоти деҳоти номбурда, деҳаи Ваҳдат бо даъвати меҳмонони зиёд нисфирӯзӣ ва бегоҳй гузаронидааст.

Гуфта мешавад, дар ин зодрӯз 5 нафар мутасаддиёни комиссияи доимии маҳаллӣ ва дигар шахсони масъули ҷамоати деҳот, аз ҷумла котиб, муҳандиси заминсоз, мутахассис оид ба ҷамъоварии андозҳо, масъули мизи ҳарбии ҷамоати деҳоти мазкур иштирок намудаанд.

Прокуратураи шаҳри Панҷакент аз натиҷаи санҷиши ин қонунвайронкунӣ унвонии раиси шаҳри Панҷакент пешниҳод ирсол намуд, ки баъди баррасии он Иброҳимов А.Н. аз вазифаи ишғолнамудааш озод карда шуд.

Лентаи хабарҳо
0