Мансаби вижаи Назирмад Ализода баъди барканорӣ аз мақоми сафирӣ

© акс аз сомонаи Вазорати умури хориҷии ТоҷикистонНазирмад Ализода, сафир оид ба супоришҳои махсуси Тоҷикистон, ҳамоҳангсози миллӣ оид ба корҳои Созмони Ҳамкории Шанхай
Назирмад Ализода, сафир оид ба супоришҳои махсуси Тоҷикистон, ҳамоҳангсози миллӣ оид ба корҳои Созмони Ҳамкории Шанхай - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Назирмад Ализода, ки аввали соли равон бо фармони раисиҷумҳури Тоҷикистон аз вазифаи сафир дар Қазоқистон ва Муғулистон барканор шуд, мақоми вижа гирифтааст

ДУШАНБЕ, 12 апр - Sputnik. Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон Назирмад Ализодаро сафир оид ба супоришҳои махсус, ҳамоҳангсози миллӣ оид ба корҳои Созмони Ҳамкории Шанхай муаррифӣ кардааст.

Рукопожатие, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Қазоқистон ба Тоҷикистон кумаки низомию техникӣ мерасонад

Тибқи иттилои Вазорати умури хориҷӣ, Ализода ба ҳайси сафир дар бахши супоришҳои махсус, 9-12 апрел дар шаҳри Пекин дар ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии давлатҳои узви СҲШ иштирок карда, омодагиҳо ба ҷаласаи сарони давлатҳо, ҳукуматҳо ва вазирони кишварҳои узви созмонро баррасӣ кардааст.

Назирмад Ализода, моҳи январи соли равон бо фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо сабаби гузаштан ба кори дигар аз мақоми сафири Тоҷикистон дар Қазоқистон ва Муғулистон барканор шуда буд. Он замон дар мавриди кори нави Ализода иттилое ироа нашуд.

Сафири нави Тоҷикистон дар Қазоқистон Хайрулло Ибодзода таъин гардид, ки аввали соли равон бо қарори Ҳукумат аз мақоми раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон озод гардид.

Лентаи хабарҳо
0