Бастани 7 кошонаи ҳусн ва ҷаримаи 10 корманд дар Бохтар

© wikimedia.org/VargaAКурган-Тюбе, архивное фото
Курган-Тюбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Кормандони назорати санитарӣ дар шаҳри Бохтар 7 кошонаи ҳуснро баста, нисбати 10 кормандони ин коргоҳҳо санадҳои маъмурӣ тартиб додаанд

ДУШАНБЕ, 23 апр – Sputnik. Аз ҷониби мутахассисони Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Бохтар бинобар ҷой доштани камбудиҳои мавҷуда фаъолияти 7  кошонаи ҳусн то бартараф намудани камбудиҳо қатъ карда шуда, ҳамчунин нисбат ба 10 нафар кормандони ин коргоҳҳо санадҳои маъмурӣ тартиб дода шуданд, иттилоъ додааст агентии “Ховар”.

Генерал-лейтенант Абдураҳмон Аламшозода (дар байн)  Абдулло Навҷувонов (аз рост) ва  Нусратулло Мирзоев - Sputnik Тоҷикистон
Аз тавсифи мардум то таҳқири кормандон: ҳисоботи Аламшозода аз натиҷаҳо дар ВМКБ

Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Бохтар ба хотири пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ ва ба талабот мутобиқ гардондани фаъолияти онҳо вазъи кошонаҳои ҳусни шаҳрро мавриди санҷиш қарор дод. 

Дар ҷараёни санҷиш мутахассисони Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ дар кошонаҳои ҳусни шаҳр як зумра камбудиҳоро ошкор намуда, барои рафъи онҳо ба масъулин супоришҳои мушаххас доданд.

Бино ба иттилои манбаъ, дар баробари бурдани корҳои назоратию санҷишӣ, инчунин баҳри бартараф намудани камбудиҳо ва риоя намудани қоидаҳои санитарию гигиенӣ бо масъулин ва кормандони кошонаҳои ҳусн, сартарошхонаҳо ва ҳуҷраҳои стамотологӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ низ мегузаронанд.

Бояд зикр намуд, дар вилояти Хатлон Донишкадаи баъдидипломии кормандони соҳаи тандурустӣ кормандони кошонаҳои ҳусни вилоятро ба курсҳои бозомӯзӣ фаро гирифтааст.

То имрӯз беш аз 20 нафар мутахассисони соҳаи мазкур аз курсҳои бозомӯзӣ гузаштанд.

Лентаи хабарҳо
0