Дар Санкт-Петербург барои қатли навраси 17-солаи тоҷик ду нафар зиндонӣ шуданд

© Sputnik / Максим Блинов / Гузариш ба медиабонкСотрудник УФСИН на территории исправительной колонии, архивное фото
Сотрудник УФСИН на территории исправительной колонии, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар Санкт-Петербург ду ҷавони маҳалӣ як ноболиғи тоҷикро то ба ҳалокат расидан лату куб кардаанд

ДУШАНБЕ, 5 дек — Sputnik. Дар Санкт-Петербург ду сокини маҳалӣ барои ба ҳалокат расонидани навраси 17-солаи тоҷик зиндонӣ шуданд, хабар додааст дафтари матбуотии додситони Петербург.

Ин фоҷиа моҳи августи соли 2016 дар ноҳияи Краногвардейский ба вуқуъ пайвастааст.

Чихелеки тафтишот нишон додааст, дар кӯчаи Ленская ҷавонони маҳалӣ дар заминаи хушумат ва бадбинӣ ба навраси ноболиғи тоҷик дарафатоданд. Дар натиҷа ӯро бо чуб лату куб карда ба баданаш бо корди “Кукрӣ” ва ханҷари шикорӣ зарбаҳои зиёд заданд.

Қайд шудааст, ки бо ҷароҳатҳои зиёд навраси тоҷик ба беморхона фиристода шудааст, аммо мутаасифона дар он ҷо ба ҳалокат расидааст.

Додгоҳ иштироккунандагони ин қазияро гунаҳкор дониста онҳоро аз озодӣ маҳрум кардааст. Яке аз гунаҳкорони ин воқеа ба мудати 15 сол ва дигаре ба – 7 сол равонаи зиндон шуданд.

Лентаи хабарҳо
0