Оби хом ё ҷӯшомада-тавсияи Вазорати тандурустӣ

© Sputnik / Максим Богодвид / Гузариш ба медиабонкСтакан воды, архивное фото
Стакан воды, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати тандурустии Тоҷикистон дар ҳошияи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” аз манфиатҳои об нақл мекунад

ДУШАНБЕ, 21 апр - Sputnik.  Вазорати тандурустии Тоҷикистон дар бораи хусусиятҳои шифобахши оби хом ва ҷӯшомада мегӯяд.

Об хосиятҳои шифобахшӣ дошта, дар тиб усулҳои табобат ба воситаи он хеле  зиёд вомехуранд.

Обҳои софу зулоли чашмаҳои кўҳӣ ва обҳои тозаи зеризаминиро наҷӯшонида нӯшидан мумкин аст. Дар таркиби чунин обҳо микроэлементҳои фоиданок хеле  зиёданд. Аммо оберо ки тавассути қубурҳои оҳанӣ мегузарад ва дар шаҳрҳо бештар истифода мешавад, наҷӯшонида  нӯшидан мумкин нест. Чунки новобаста аз корҳои тозакунӣ чунин об метавонад дар худ микроб дошта бошад.

Черный чай - Sputnik Тоҷикистон
Олимон хатари марговари нӯшидани чойи гармро муайян карданд

Аз ин ру сокинони шаҳриншинро лозим аст, ки пеш аз нўшидан обро ҳатман  ҷӯшонанд.

Оби ҷӯшомада ба организми инсон манфиатҳои зиёд дорад. Тибқи фармудаи мутахассисони соҳаи тиб, оби ҷӯшомадаро бояд на дар ҳарорати баланд, балки дар ҳарорати муътадил нӯшид. Ҳарорати он набояд зиёда аз 40-42 дараҷа бошад, зеро ҳарорати аз ин баландтар боиси дарди меъда мегардад.

Тибқи гуфтаи табиби мардумӣ Абдулло Ташрифзода, нӯшидани оби ҷӯшомада барои кори дурусти меъдаву руда беҳтарин даво буда, узвҳои ҳозимаро тоза мекунад.

Табибон оби ҷӯшомадаро барои вазнпартоӣ низ фоидабахш арзёбӣ мекунанд. Нӯшидани як ё ду истакони он ҳангоми гуруснагӣ раванди фарбеҳшавиро дар организм пешгирӣ месозад, яъне инсонро камиштиҳо намуда, ба обшавии чарби бадани одам сабаб мешавад. Инчунин оби ҷӯшомада барои асаб ва гардиши хун дар рагҳо аз манфиат холӣ набуда, асабониятро бартараф  ва табъи касро  хуш менамояд.

Оби ҷӯшомада барои зебо  шудани пусти рӯй низ мусоидат мекунад. Ҳар рӯз бо шиками гурусна нӯшидани оби ҷӯшомада пӯстро пуртароват ва зебо мегардонад.

Утренняя зарядка, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Олимон гуфтанд кадом намуди машқ умри одамро дароз мекунад

Оби ҷӯшомадаро  саҳар бо меъдаи холӣ бинӯшед, чунки он барои қабули дигар ѓизо организмро омода месозад.

Ҳамеша реҷаи дурусти нӯшидани обро риоя намоед. Аввал дар наҳор, ним соат пеш аз истеъмоли ғизо, дар нисфирӯзӣ ним соат пеш аз ғизо ду истакон ё баръакс пас аз ду соати истеъмоли ғизо метавонед ду истакон об бинӯшед. Ҳамчунин маротибаи сеюм дар рӯз шумо метавонед як соат пеш аз хоб об бинӯшед; пас аз нӯшидани оби ҷӯшомада дарҳол хоб рафтан тавсия дода намешавад, зеро ин ҳолат  боиси хуруҷи баъзе бемориҳо шуда метавонад.

Ҳеҷ вақт обро бо хӯрок якҷоя нанӯшед, зеро дар чунин ҳол эҳтимоли варам кардани шикам вуҷуд дорад. Ғизошиносон танҳо 20-30 дақиқа пеш ё баъд аз хӯрок нӯшидани обро тавсия медиҳанд.

Оби ҷўшомадаро бо лимӯ, асал, гармдору (имбир) нўшидан манфиати бештар дорад.

Ҳамчунин ғизошиносон тавсия медиҳанд, ки обро зиёд ҷӯшонидан лозим нест, зеро минералҳои таркиби он нобуд гашта, хусусияти шифобахшиаш кам мешавад. Ҳамчунин ду бор ҷӯшонидани об низ тавсия намешавад.

Лентаи хабарҳо
0