ДУШАНБЕ, 19 апр — Sputnik. Дар шаҳри Фаронса тандиси Абуалӣ ибни Сино, ки аз сокинои шаҳри Бухоро ба мардуми ин кишвар тақдим шуд, ифтитоҳ гардид. Дар ин бора Sputnik Узбакистон бо такя ба равобити умумии ҳокимият хабар медиҳад.
Ҳамчунин дар боғи Дӯстӣ, ки ҷои баргузории ин маросим буд, ҳунармандони узбакистонӣ баромад кардаанд.
Дар умум дар ин маросим беш аз 500 кас ширкат кардааст.
Се олими тоҷик сазовори ҷоизаи Абӯалӣ ибни Сино шуданд
Муҷассамаи донишанди бузург Абу алӣ ибни Сино ба муносибати 20-солагии муносиботи бародаршаҳронаи Бухоро ва Рюэй-Мальмезон ва сафари ҳайъати ҳунармандони Бухоро бо раҳбарии ҳокими ин шаҳр, Уктам Барноев ба Фаронса, ифтитоҳ шуд.
Зодрӯзи Абуалӣ ибни Сино бо интишори фарҳанги «Ҳазорвожаи пизишкӣ» гиромӣ дошта шуд
Рюэй-Мальмезон 14 километр дуртар аз Порис-пойтахти Фаронса ҷойгир шудааст. Ин шаҳр дар асри 12-ум сохта шудааст. Бо ин шҳар исмҳои ходимони намоён чун: Наполеон I, Ҷозефин Бонапарт, Салвадор Адамо ва дигар ашхоси машҳури ҷаҳонӣ иртибот дорад.
Абдулло Давлатов: мо бо ифтихор Синоро тоҷик мегӯем, аммо...