ДУШАНБЕ, 2 окт — Sputnik. Давлат Худоназар, коргардони маъруфи тоҷики муқими Маскав дар ҳошияи намоиши “Қисмати шоир”-и коргардони Борис Кимёгаров дар осорхонаи “Третековская галерея” дар бораи Рӯдакӣ, Кимёгаров ва хидматҳояшон барои фарҳанг суҳбат кард.
Ӯ дар пайи намоиши “Қисмати шоир” –и коргардон Борис Кимёгаров гуфт саҳми ин марди яҳудии зодаи Бухоро барои синамо ва фарҳанги Тоҷикистон хел бузург аст. Ӯ филмҳои таҳиякардаи Кимёгаров, - “Дохунда” аз рӯи асари Садриддин Айнӣ, “Қисмати шоир” дар бораи Рӯдакӣ, чанд филм аз рӯи Шоҳномаи Фирдавсиро зикр карда, таъкид намуд, ки Кимёгаров кӯшиш мекард ба фарҳанги тоҷик амиқтар ворид шавад.
“Барои ин нерӯ ва эътибори зиёд даркор буд ва Кимёгаров бо сарфи нерӯи бузург ҳар коре аз дасташ омад, барои фарҳанги тоҷик анҷом дод” - афзуд Давлат Худоназар.
Мушахассан дар мавриди муҳтавои “Қисмати шоир”, ки дар бораи ҳаёту эҷодиёти Рӯдакӣ қисса мекунад, Давлат Худоназар гуфт, бо баъзе далоил на ҳамаи масъалаҳои марбут ба ҳаёту эҷодиёт ва замони Рӯдакиро инъикос мекунад.
Ба гуфтаи ӯ муаллифи сенария бояд драма менавист ва барои ин Сотим Улуғзода масъалаи ошиқию дигар чизҳоро ворид намуд, аммо масоили идеологӣ, бархӯрду ихтилофҳои воқеии ҳаёту эҷодиёти Рӯдакӣ дар пасманзар монданд.
Дар тавзеҳи масоили ошкорнашуда, Давлат Худоназар гуфт, Рӯдакӣ на танҳо шоири бузург, инчнин мутафаккири динӣ буд, ки аллакай дар 5-6 солагӣ Қуръонро аз ёд медонист.
“Маҳз ҳамин донишҳояш ӯро ба дарки он расонданд, ки фарҳанги гузаштааш набояд ба нусха ва баргирифта аз арабӣ табдил ёбад. Ӯ ба ҳайси як ватандӯсту миллатдӯст талош кард, фарҳанги гузаштаи худро аз арабишавию исломишавӣ наҷот диҳад. Исломишавӣ ба он маъно, ки фарҳанг ба як нусхаи баргирифта аз замини Араб табдил наёбад”, - изҳор дошт коргардони тоҷик.
Вай афзуд, ки Рӯдакӣ 1100 сол пеш чунон фаҳмою равон ва бо забони тозаи тоҷикӣ навиштааст, ки хонандаи муосири мо гумон мекунад, ки дирӯз навишта шудаанд. Дар ҳоле ки бархе аз муосирин чунон менависанд, ки дарки аҳдофашон мушкил мебошад.
Давлат Худоназар таъкид намуд, ки маҳз Рӯдакӣ тавонист забонро ба сатҳи баланд расонад ва онро забони назму адабиёт кунад. Аммо дар Тоҷикистон аксаран ӯро ба ном ҳамчун сардафтари адабиёт мешиносанду бо осораш хуб балад нестанд.
“Дар ҷаҳоне, ки ин забонро баладанд, Рӯдакӣ қадршиносӣ мешавад. Аммо миёни худи тоҷикҳо ба қадри кофӣ қадрдонӣ нашудааст”, - изҳор дошт коргардони тоҷик.
Давлат Худоназар аз ҷумла Бадахшонро мисол овард, ки дар он ҷо осори Рӯдакиро кам мешиносанд.
“Дар Бадахшони Тоҷикистон садҳо овозхонанд, ки соатҳо метавонанд осори мутафаккири бузурги дигар Ҷалолиддини Румиро хонанд ва онҳо муътақиданд, ки Румӣ исмоилӣ буд. Аммо ӯ исмоилӣ набуд, ӯ суфӣ буд. Аммо Рӯдакиро, ки аз бузургону пешвоҳои исмоилиён буд, камтар мешиносанд”, - изҳор дошт ӯ.
Вай афзуд, вақте насли наврас Рӯдакиро намедонанд, ин оғози фоҷиа аст ва Лоиқро ҳам нахоҳанд донист.
“Ман худро тоҷик замоне эҳсос кардам, ки ба хондани шеърҳои Лоиқ оғоз кардам. На дар рӯи шиноснома, балки бо тамоми вуҷуду қалбам худро тоҷик эҳсос кардам. Лоиқ давомдиҳандаи кори Рӯдакӣ буд”, - изҳор дошт Давлат Худоназар.
Ӯ таъкид намуд, ки адибони бузург ба онҳое тааллуқ доранд, ки осорашонро мехонанд ва миллату маҳал ин ҷо ҳеч аҳамияте надорад. Вай аз ҷумла баҳси бархе аз тоҷикону узбакҳоро барои Сино ё бузургони дигар сафсатаю аблаҳӣ хонда, таъкид намуд, ки бузургон мутааллиқ ба онҳоеянд, ки осорашонро мехонанду арҷ мегузоранд.
Давлат Худоназар зикр кард, ки “Қисмати шоир”, соли 1958 бахшида ба 1100 солагии Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ, ҳамагӣ чанд даҳсола баъд аз он, ки мегуфтанд миллатеву забоне бо номи тоҷик нест, ҳама турканд, таҳия шудааст.
Дар шарҳи ин иддао Давлат Худоназар гуфт, наметавон онро миллатчигии узбакӣ, қазоқӣ ё қирғизӣ хонд, он як ҷараёни пантуркизм буд, ки ҳам ҷанбаи мусбат ва ҳам манфӣ дошт.
Дар мавриди он ки чаро зиёиёни Самарқанду Бухоро аз фарҳанги хеш ҳимоят накарданд, Давлат Худоназар афзуд, ки ба эҳтимоли зиёд ин ба ҳолати равонию идеологӣ рабт дорад.
“Давоми 1000 сол, баъди шикасти Сомониҳо қудрат дар дасти туркҳо буд, аммо фазои фарҳангӣ, аз ҷумла забони дарбору идора тоҷикӣ буд. Зиёиёни Самарқанду Бухоро ба чунин фазо одат карданд ва гумон ҳам надоштанд, рӯзе мерасад, ки ба онҳо мегӯянд чунин миллату фарҳангу забон вуҷуд надорад. Барои ҳамин ҳам зиёиёне пайдо нашуданд, ки ба ҳифзи фарҳангу миллати худ садо баланд кунанд”, - изҳор дошт ӯ.
Коргардон афзуд, ки баъзан хислати мо тоҷикон чунин аст, ки бештар шиорпартоию бузургнамоӣ мекунему ба масъалаҳо бархӯрди сатҳию ороишӣ дорем.
“Барои рушд бояд сатҳи феълии худро донему дарк кунем, то пеш равем. Бо фарёдзанӣ, ки мо бузургем, мурод ҳосил намешавад”, - таъкид намуд Давлат Худоназар.
Як далели муносибати сатҳӣ доштани тоҷиконро Давлат Худоназар ҳозир шудани афроди кам ба намоиши филмҳои маъруфи “Тоҷикфилм” дар Маскав, аз ҷумла “Қисмати шоир” хонд.
“Масалан, дар бораи маъракаи имрӯза эҳтимолан одамони зиёд огоҳӣ доштанд, аммо хеле кам ҳозир шуданд”, - гуфт коргардони тоҷик.
Намоиши махсуси ду филми Тоҷикистон - “Қисмати шоир”-и Кимёгаров ва “Ман бо духтаре вохӯрдам”- и коргардон Рафаил Перелштейн дар осорхонаи маъруфи Русия - “Третековская галерея”, дар доираи барномаи “Мактаби кинои Маскав. Сергей Эзенштейн ва шогирдон ӯ” сурат гирифт. Дар ҳошияи ин намоишҳо суҳбатҳо бо намояндагони фарҳанги Тоҷикистон ва наздикони таҳиягарони филмҳои мазкур баргузор гардиданд.
Аз ҷумла дар пайи намоиши “Ман бо духтаре вохӯрдам”, ки соли 1957 ба навор гирифта шудааст, духтари коргардони филм, Рафаил Перелштейн, Эмма Малая аз лаҳзаҳои ҳаёташ дар Тоҷикистон филмбардориҳои падараш ёд карда, гуфт, дар Душанбе лаҳзаҳои беҳтарини зиндагиашро сипарӣ кардааст.
“Мо бо шахсони бофарҳангу донои Тоҷикистон ошно будем, рафтуомад доштем. Аммо ҳоло мо аз коргардонҳои тоҷик ва филмҳои онҳо чандон хабаре надорем. Ҳоло дар Русия мардум намедонанд, ки Тоҷикистон дорои фарҳангу санъати бузург мебошад. Мо мехоҳем, ки аз фарҳанги Тоҷикистон ҳама огоҳ ва ошно шаванд”, - изҳор дошт Эмма Малая