ДУШАНБЕ, 19 фев — Sputnik. Бино бар иттилои ҳукумати вилояти Суғд оғози корҳои сохтмонии Маркази стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои вилояти Суғд шурӯъ шуд.
“Лоиҳаи бинои нав аз ҷониби “Суғдшаҳрофар” таҳия гардида, корҳои сохтмониро бунёдкорони ҶДММ «Авитсенна» ба уҳда гирифтаанд”, - таъкид намуд манбаъ.
Бо бунёд шудани бинои нави Маркази стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои вилояти Суғд барои кормандони марказ шароитҳои хуби корӣ фароҳам оварда мешавад.
Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бо гузоштани нома ба наслҳои оянда ба сохтмони бино санги асос гузошта шуд. Дар анҷоми чорабинӣ ба як қатор собиқадорони соҳа туҳфаҳои Раиси вилоят тақдим гардид.