Мақомоти Хатлон тасмим дорад дар ҳамкорӣ бо ширкати узбакистонӣ корхонаи саноатӣ созад

© Sputnik / Стас ЭтвешНа фабрике по производству тканей, архивное фото
На фабрике по производству тканей, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Мақомоти вилояти Хатлон талош дорад дар вилоят дар ҳамкори бо ширкати атласбофии вилояти Фарғонаи Узбакистон корхонаи муштараки тайёр кардани маҳсулоти саноатӣ – матои абрешимӣ бунёд кунад

ДУШАНБЕ, 17 апр — Sputnik.  Ахиран раиси вилояти Хатлон Ҳакимзода Аҳмадҷонов бо Исмоил Қурбон директори ширкати атласбофии вилояти Фарғонаи Узбакистон мулоқот намуд.

Бино бар иттилои манбаъ, зимни мулоқот тарафҳо атрофи масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи коркарди саноатии пилла, таёр намудани ресмони абрешимӣ ва атласу адрасбофӣ суҳбат карданд.

Премьер-министр Таджикистана Кохир Расулзода  - Sputnik Тоҷикистон
Расулзода дар Хатлон марказеро ба истифода дод, ки Достиев бунёд кард

Раиси влояти Хатлон Ҳакимзода Қурбон зимни мулоқот таъкид намуд, ки дар соли гузашта кирмакпарварони вилоят беш аз 500 тонна пилла истеҳсол намуданд, ки 12 тоннаи он дар дохили вилоят коркард карда шуда 1,6 тонна ресмони абрешим истеҳсол карда шудааст.

“Захираҳои хӯроки кирмаки пилла – тут имконияти дар як сол то ба 900 тонна расонидани истеҳсоли пилларо доро мебошад. Дар ҳолати дарёфти шарикони рушд, ҷалби сармоя, таъсис додани корхонаҳои муштараки коркарди саноатии абрешим ва самаранок истифода намудани захираҳои мавҷуда,  вилоят метавонад дар  истеҳсол ва содироти ашёи тайёри саноати абрешим ва содироти он ба хориҷи кишвар дар байни кишварҳои Осиёи Миёна мавқеи хосеро пайдо намояд”, - қайд намудааст Ҳакимзода.

Инчунин, тарафҳо зимни мулоқот зикр карданд, ки дар ҳолати расидан ба мувофиқаи барои ҷонибҳо мутақобилан судманд, метавонанд дар қаламрави вилоят корхонаи муштараки тайёр кардани маҳсулоти саноатӣ – матои абрешимӣ бунёд намуда, дар ин замина фоидаи хуб ба даст биоранд.

Дар фарҷоми мулоқот тарафҳо ба мувофиқа расиданд, ки дар ин самт омӯзиш ва гуфтушунидҳоро идома диҳанд.

Лентаи хабарҳо
0