Расулзода дар Хатлон марказеро ба истифода дод, ки Достиев бунёд кард

© Пресс-служба Президента РТ Премьер-министр Таджикистана Кохир Расулзода
Премьер-министр Таджикистана Кохир Расулзода  - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Нахуствазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ба Хатлон сафар кард ва чанд иншооти тозаро ба истифода дод

ДУШАНБЕ, 10 апр - Sputnik. Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон имрӯз, 10 апрел ба вилояти Хатлон сафар карда, дар маросими ифтитоҳи чанд иншооти тоза иштирок кардааст.

Нахуствазир дар ноҳияи Ҳамадонии вилоят дар деҳаи Меҳнатобод маркази хизматрасониеро ба истифода додааст, ки аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Ёқуб Достиев бунёд гардидааст. Дар марказ 10 коргар бо ҷои кор таъмин гардиданд.

Дар деҳаи Пахтакори ҳамин ноҳия Расулзода дар маросими ифтитоҳи майдони варзишӣ иштирок кард. Майдони варзишӣ аз ҷониби соҳибкор Абдуҷаббор Хушвахтов бунёд шудааст.

Ҳамчунин Қоҳир Расулзода дар ҷамоати Панҷоби ноҳияи Ҳамадонӣ маркази саломатӣ, майдони варзишӣ, маркази хизматрасонӣ ва савдоро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод, ки аз ҷониби соҳибкорон бунёд шудаанд.

Лентаи хабарҳо
0