ДУШАНБЕ, 17 апр — Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, ин нукта дар ҷамъбасти фаъолияти семоҳаи мақомоти умури дохилӣ таҳти раёсати генерал Абудраҳмон Аламшозода таъкид гардид.
Аламшозода бо зикри “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон гардидани солҳои 2019 – 2021, афзудааст, ки ВМКБ яке аз минтақаҳои сайёҳии ҷумҳурӣ мебошад.
“Бояд корманди сохтори қудратӣ бо дониши баланду малакаи касбӣ, муносибату муоширати хуб бо аҳолӣ бо дарки масъулияти баланди хизматӣ муносибат намуда, дар мубориза ба ҷинояту ҳуқуқвайронкунӣ, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, амнияти шаҳрвандон ва ҷиҳати саҳм гузоштан ба оромиву осоиштагӣ ба давлату миллат содиқона хизмат намояд”, - таъкид кардааст сардори раёсати ВУД дар ВМКБ.
Манбаъ зикр кардааст, ки Ситоди байниидоравии мақомоти таъмини амният дар баробари таъмини тартибот инчунин дар баргузории ҳашарҳои дастаҷамъона, шинонидани дарахту ниҳолҳо, гулу бутаҳои ороишӣ ва ободу зебо гардонидани Ватани азиз нақши назаррас гузошта истодаанд ва минбаъд низ тасмим гирифтаанд саҳми арзандаи худро гузоранд.
Дар ҷамъбасти фаъолияти семоҳаи РВУД дар ВМКБ зикр шуд, ки тибқи маълумоти оморӣ дар 3 моҳи аввали соли 2019, дар вилоят 196 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки ошкоркунии он 90 фоизро ташкил медиҳад.