Савдои нашъа дар марз бо Афғонистон: 13 соли зиндон ба сокини Хоруғ барои қочоқи ҳашиш

© Sputnik / Виталий АньковВ лаборатории по исследованию наркотических средств, архивное фото
В лаборатории по исследованию наркотических средств, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Алишер Хушдилов аз як шаҳрванди Афғонистон бештар аз 13 кило ҳашишро ба маблағи 15 ҳазор сомонӣ харида гирифта, бо мақсади дар оянда паҳн кардан дар мошинаш пинҳон кардааст

ДУШАНБЕ, 16 апр – Sputnik. Додситонии кулли Тоҷикистон аз боздошт ва ҳукми зиндони як сокини Хоруғ барои қочоқи нашъа дар марзи Тоҷикистону Афғонистон хабар додааст.

Бино бар иттилои манбаъ, Алишер Хушдилов, сокини шаҳри Хоруғ дар бозори назди сарҳади давлатии маҳаллаи Тем бо шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ахтар  шиносоӣ пайдо намуда, баъданба маблағи 15 ҳазор сомонӣ 13 кг 200 грамм воситаи нашъадори навъи ҳашишро аз ӯ харида гирифтааст.

В печи АКН РТ сожгли свыше 370 килограмм наркотиков  - Sputnik Тоҷикистон
Ба рухсатӣ бо нашъа: ҳукми низомии пойгоҳи 201 барои қочоқи маводи мухаддир ба Русия

Хушдилов бо мақсади фурӯши маводи нашъаовар онро дар худраваш пинҳон кардааст.

"Номбурда дар дидбонгоҳи "Бартанг"-и ноҳияи Рушон аз тарафи кормандони ШВКД дар ноҳияи Рӯшон дастгир карда, аз дохили автомашинааш маводи нашъадор ёфта гирифта шуд", - омадааст дар иттилои манбаъ.

Парвандаи ҷиноятӣ баъди ба итмом расонидан ба суди ноҳияи Рӯшон фиристонида шуда, бо ҳукми суди ноҳияи Рӯшон Хушдилов А.Х. дар содир намудани ҷинояти дар моддаи 200 қисми 4 банди "д" Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинигардида гунаҳгор дониста, ӯ ба ҷазои маҳруми аз озодй ба муҳлати 13 сол бо адои ҷазо дар калонияи ислоҳии низомаш сахт маҳкум гардид.

Лентаи хабарҳо
0