Рӯйхати беҳтарин занони Суғд: ҷамъбасти озмуни "Кадбонуи беҳтарин" дар Хуҷанд

© Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанЭмомали Рахмон принял участие в фестивале "Национальные наврузовские блюда", организованном на площади Исмаила Сомони в Худжанде
Эмомали Рахмон принял участие в фестивале Национальные наврузовские блюда, организованном на площади Исмаила Сомони в Худжанде - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳакамон хони идона ва дастурхони кадбонуҳоро аз рӯи маҳорати пазандагӣ, омода намудани таомҳои миллӣ, хӯрокҳои миллии замонавӣ, эҳёи таомҳои миллӣ, баҳогузорӣ карда, ғолибонро муайян намуданд.

ДУШАНБЕ, 15 апр - Sputnik. Дар шаҳри Хуҷанд даври дуюми озмуни "Кадбонуи беҳтарин" ҷамъбаст гардид, хабар медиҳад равобити умумии ҳокимияти вилояти Суғд.

Даври дуюми озмуни«Кадбонуи беҳтарин» 11 апрели соли равон дар тарабхонаи «Тоҷикистон»-и шаҳри Хуҷанд ҷамъбаст шудааст.

Дар ин маросим, муовини раиси вилоят Назира Ғаффорӣ, муовинони раисони шаҳру ноҳияҳо, мудирони шуъбаю бахшҳои кор бо занон ва оилаи шаҳру ноҳияҳои вилоят ва 74 нафар кадбонуҳо ширкат кардаанд.

Ҳайати ҳакамон завқи баланди оростани хони идона ва дастурхони кадбонуҳоро аз рӯи маҳорати баланди пазандагӣ, омода намудани таомҳои миллии қадима, хӯрокҳои миллии замонавӣ, эҳёи таомҳои миллӣ, хуришҳо, шириниҳо, анвои гуногуни нонро ба инобат гирифта, ғолибонро муайян карданд:

Экспорт, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Суғд ба маблағи 13,8 миллион доллар маҳсулоти кишоварзӣ содирот намуд

Ба бонувони беҳтарин, барои ишғоли ҷойҳои намоён, ифтихорномаҳо ва мукофоти пулӣ-барои ҷойи аввал-1500 сомонӣ, ҷойи дуюм-1000 соомнӣ ва мақоми сеюм-800 сомонӣ тақдим шудааст.

Рӯйхати ғолибон

Барои ороиши дастархон ва доштани малакаи дурусти истифода ва гузоштани зарф ва ашёҳои болои миз, ҷойи якум ба Эркаева Зулфия аз шаҳри Истаравшан дода шуду, ҷойи дуюм ба Почоева Гулбаҳор аз шаҳри Хуҷанд насиб гардид.  Ҷойи сеюм ба Норалиева Раъно аз ноҳияи Спитамен дода шуд.

Барои омода ва пешниҳоди дурусти таомҳои субҳона, чоштгоҳ (пешин) ва шом, ҷойи якум ба Холмуродова Муҳайё аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ҷойи дуюм ба Расулзода Шаҳноза аз ноҳияи Ҷаббор Расулов ва ҷойи сеюм ба Холиқова Солеҳа аз ноҳияи Шаҳристон дода шуд.

Барои номи дурусти таом, ғизонокӣ, фоиданокӣ, таркиби таом ва мавриди истифодаи таом бо навиштаҷот дар лавҳаҳо, ҷойи якум ба Нилуфари Назаралӣ аз шаҳри Бӯстон, мақоми дуюм  ба Ризоқулова Мадина аз шаҳри Истаравшан ва ҷойи сеюм ба Юлдошева Маҳфуза аз ноҳияи Ашт дода шуд.

Барои маҳорати омода намудани хӯрокҳои миллии қадима ва муосир-ҷойи якум  ба Замонова Нигора аз шаҳри Панҷакент, ҷойи дуюм  ба Абдураззоқова Ҳанифа аз шаҳри Истиқлол ва ҷойи сеюм ба Фархундаи Фурқатӣ аз ноҳияи Айнӣ насиб шуд.

Президент Таджикистана в Хатлонской области - Sputnik Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон дар фестивали "Сайри гули лола” ба гулпарварони Хуҷанд баҳои баланд дод

Барои маҳорати омода намудани хуришҳо-ҷойи якум  ба Қурбонова Назира аз шаҳри Хуҷанд, ҷойи дуюм ба Нарзуллоева Дилрабо аз ноҳияи Зафаробод ва мақоми сеюм ба Қурбонова Нисо аз шаҳри Исфара дода шуд.

Барои маҳорати сарфаю сариштакорӣ дар омода намудани таомҳои миллӣ-ҷойи якум ба Сатторова Ойиша аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ҷойи дуюм ба Қаюмова Дилноза аз ноҳияи Деваштич ва ҷойи сеюм  ба Ҷабборова Ирода аз шаҳри Конибодом дода шуд.

Барои малакаи омодасозии хамир барои пухтани нон ва дигар маҳсулоти ордӣ, ҷойи якум ба Азизова Саломат аз ноҳияи Мастчоҳ, ҷойи дуюм ба Юнусова Азизамоҳ аз ноҳияи Куҳистони Мастчоҳ ва ҷойи сеюм ба Орипова Ҳалима аз шаҳри Гулистон насиб шуд.

Гуфта мешавад, ки ин озмун бо мақсади ҳавасмандгардонии занони ҳунарманд, кадбонуҳои соҳибзавқ, эҳёи таомҳои миллӣ, рушди анъанаҳои миллӣ, баланд бардоштани маърифати хонадорӣ, омода намудани духтарон ба ҳаёти мустақилона ва бахшида ба «Солҳои 2019-2021-солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» дар шаҳру ноҳияҳои вилоят озмуни «Кадбонуи беҳтарин» баргузор гардид.

Лентаи хабарҳо
0