Сафири нави Қазоқистон эътимодномаашро ба Саидзода Зоҳир супорид

Вохӯрии Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сафири навтаъйини Ҷумҳурии Қазоқистон
Вохӯрии Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сафири навтаъйини Ҷумҳурии Қазоқистон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Саидзода Зоҳир сафири навтаъйини Қазоқистон Таҷибаев Аскар Ерликовичро ҷиҳати қабули нусхаи эътимоднома ба ҳузур пазируфт.

ДУШАНБЕ, 14 апр - Sputnik. Ба гузориши равобити умумии ВУХ, дар рафти суҳбат тамоюли мусбат касб намудани раванди густариши робитаҳои Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла афзун гардидани ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ ва тақвият ёфтани муколамаи сиёсӣ хоссатан қайд гардидааст.

"Дар баробари ин таваҷҷуҳи тарафайн ба фаъолгардонии робитаҳои минбаъда ҷиҳати истифодаи васеи иқтидорҳои ҳамкорӣ бар асоси анъанаҳои дӯстии пойдор ва шарокати стратегии ду кишвар таъкид гардид",-омадааст дар хабарнома.

Папка с документами, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳур сафири кишвараш дар Узбакистонро барканор кард: ӯ дуздӣ кардааст

Ёдоварӣ мекунем, ки Нурсултан Назарбоев, раисҷумҳури пешини Қазоқистон сафири навашро дар Тоҷикистон таъйин намуд.

Тоҷибоев Аскар Ерликович дар сохтори Вазорати умури хориҷии Қазоқистон кор мекард. Инчунин вай роҳбари департаменти кишварҳои ҳамсудро дар Вазорати хориҷа бар уҳда дошт.

Ёдрас мешавем, ки Нурлан Сайтимов, ки аз соли 2016 то ҳол сафири Қазоқистон дар Тоҷикистон буд, ахиран бо амри раисиҷумҳур котиби масъули ВУХ Қазоқистон таъин гардид.

Тибқи иттилои сомонаи сафорати Қазоқистон дар Тоҷикистон, Сейтимов хатмкардаи факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Қазоқистон, факултаи муносибатҳои байналмилалии Академияи дипломатии ВУХ Русия, номзади илмҳои сиёсӣ мебошад. Ӯ бо фармони раисиҷумҳури Қазоқистон моҳи марти соли 2016 сафир дар Тоҷикистон таъин гардида буд.

Лентаи хабарҳо
0