Раисҷумҳур сафири кишвараш дар Узбакистонро барканор кард: ӯ дуздӣ кардааст

© Sputnik / Алексей ВитвицкийПапка с документами, архивное фото
Папка с документами, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Сафири Қазоқистон дар Узбакистон Ерик Утембаев дар азхудкунии 378 ҳазор доллари буҷаи давлатӣ мутаҳҳам мешавад

ДУШАНБЕ, 18 мар — Sputnik. Раисҷумҳури Қазоқистон Нурсултон Назарбоев сафири кишвараш дар Узбакистон, Ерик Утембаевро аз вазифа озод кард.

Сафир ба дуздии буҷаи давлатӣ гунаҳкор мешавад, хабар медиҳад хадамоти матбуотии президенти Қазоқистон.

"Бо қарори президенти Ҷумҳурии Қазоқистон: Утембаев Ерик Милтиқбаевич аз вазифаи сафири Қазоқистон дар Узбакистон озод карда шавад",-омадааст дар қарори раисҷумҳури Қазоқистон.

Президент Казахстана Нурсултан Назарбаев и посол РТ в РК Хайрулло Ибодзода - Sputnik Тоҷикистон
Сафири навтаъини Тоҷикистон ба Назарбоев эътимоднома супорид

Хадамоти матбуотии мубориза бо фасоди Қазоқистон миёнаҳои моҳи октябри соли 2018 хабар дод, ки сафири Қазоқистон дар Узбакистон дар дуздии беш аз 140 миллион танга (наздики 387 ҳазор доллар) пули давлат мутаҳҳам мешавад.

Гуфта мешавад, ки сафир, ҳуҷҷатҳои бардурӯғи сохтмони сафоратхонаи Қазоқистонро дар Узбакистон, имзо кардааст.

Ҳамчунин бо қарори дигари Нурсултон Назарбоев, раисҷумҳури Қазоқистон Тажибаев Аскар Ерликович сафири ин кишвар дар Тоҷикистон таъйин гардид.

Лентаи хабарҳо
0