Баррасии танзими давлатии нархҳо дар парлумон

© Sputnik / Руслан Кривобок / Гузариш ба медиабонкЗдание парламента Республики Таджикистан
Здание парламента Республики Таджикистан - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Шӯрои Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон таҳти раёсати Шукурҷон Зуҳуров як қатор лоиҳаҳои нави қонунҳоро баррасӣ кард

ДУШАНБЕ, 14 апр — Sputnik. Дар ҷаласаи Шӯро лоиҳаи иловаи тағйирот ба қонунҳо ба “Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2019” ва лоиҳаи қонун “Дар бораи танзими давлатии нархгузорӣ” баррасӣ карда шуд.

Посадка пассажиров в самолет, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
“Қимат шудани хизмат ба мардум ва чиптаи Душанбе - Маскав таваррумро боло бурд”

Тағйиротро Шариф Раҳимзода, раиси Кумитаи иқтисод ва молияи Маҷлиси намояндагон ва Қобилҷон Абдуқодиров, мудири шуъбаи ҳуқуқи дастгоҳи Маҷлиси намояндагон муаррифӣ карданд.

Инчунин лоиҳаи қонунҳо “Дар бораи фарҳанг”, лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба қонун “Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор” баррасӣ гардидаанд.

Дар охир аъзои Шӯро қарор “Дар бораи даъват намудани ҷаласаи навбатии Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум” ва лоиҳаи қарор  дар бораи рӯзномаи иҷлосияи панҷумро қабул кардаанд.

Лентаи хабарҳо
0