“Қимат шудани хизмат ба мардум ва чиптаи Душанбе - Маскав таваррумро боло бурд”

© Sputnik / Амир ИсаевПосадка пассажиров в самолет, архивное фото
Посадка пассажиров в самолет, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Хизматрасониҳои пулакӣ ба аҳолӣ дар моҳи аввали соли равон ба андозаи 0,2 фоиз боло рафтаанд

ДУШАНБЕ, 26 фев — Sputnik. Тавре Бонки миллӣ, бо такя ба Ожонси омори кишвар хабар додааст, нишондоди хизматрасониҳои пулакӣ ба аҳолӣ асосан аз ҳисоби болоравии нархҳо дар умури нақлиёт гарон шудаанд.

Продажа масла и муки на базаре Фаровон. Архивное фото. - Sputnik Тоҷикистон
Андоз боло рафт: Бонки миллӣ сабаби қиматшавии орд ва карамро гуфт

Манбаъ қиматшавии мавсимии нархи чиптаи ҳавопаймои хатсайри Душанбе - Маскавро зикр кардааст, ки ба андозаи 21,2 фоиз афзоиш ёфта, боиси зиёд шудани таваррум дар моҳи аввали соли равон гардидааст.

Бар асоси омори расмӣ, дар феҳрасти маводи ғайрихӯрокворӣ, нархи бензини навъи АИ-92, 5 фоиз ва гази моеъ 9,7 фоиз коҳиш ёфтааст. Манбаъ ин арзоншавиро ба коҳиши нархҳои воридотӣ ва чораҳои мақомоти дахлдор рабт додаст.

Тибқи иттилои Бонки миллӣ, дар моҳи январи соли равон сатҳи таваррум ба 0,6 фоиз баробар гардид, ки нисбат ба ҳамин моҳи соли гузашта ба андозаи 0,2 банди фоизӣ зиёд мебошад. Сабаби аслии афзоиши таваррум ба болоравии нархи маҳсулоти хӯрокворӣ рабт дода шуд, ки 1,2 фоиз боло рафтаанд ва арзиши хизматрасониҳои пулӣ ба аҳолӣ, ки 0,2 фоиз қимат шудаанд.

Бонки миллии Тоҷикистон мегӯяд, барои танзими ҳаҷми пул ва нигоҳдории сатҳи муътадили нархҳо сиёсати пулию қарзиро таҷдиди назар мекунад, то ин ки сатҳи таваррум дар интиҳои сол дар доираи нишондиҳандаи пешбинишуда, 7% ±2 нигоҳ дошта шавад.

Лентаи хабарҳо
0