ДУШАНБЕ, 13 апр - Sputnik. Рӯзи 9 апрел сафири Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ Заробиддин Қосимӣ ва гурӯҳи олимони арабшиноси тоҷик бо роҳбарии Файзулло Баротзода, директори Маркази исломшиносии назди Президенти ҶТ дар расми ифтитоҳи ҳамоиши арабшиносони Осиё ширкат карданд.
Ба гузориши равобити умумии Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон чунин ҳамоиш бори аввал дар шаҳри Риёз багузор мешавад.
Гуфта мешавад, ки олимони тоҷик дар кори конфронс бо маърӯзаҳои илмии худ сухан хоҳанд гуфт.
Дар ин ҳамоиш олимони арабшинос аз 18 кишвари дунё ширкат доранд.
Маҳдудиятҳо дар соҳаи сайёҳӣ ва тиҷорат барои муҳоҷирон дар Мадина
Ба иттилои манбаъ, дар ҳошияи конфронс, мулоқоти дуҷонибаи олимони тоҷик бо ҳамтоёни хориҷияшон ва ҳамчунин бо донишҷӯёни тоҷик дар Арабистони Саудӣ баргузор хоҳад шуд.