Эмомалӣ Раҳмон бо вазири умури дохилаи Арабистони Саудӣ мулоқот кард

Обуна шудан
Тоҷикистон ба рушду тавсеаи робитаҳои гуногунсамта бо Шоҳигарии Арабистони Саудӣ аҳамияти аввалиндараҷа медиҳад ва ин кишварро дар муносибатҳои байналмилалӣ шарики муҳими худ медонад, изҳор доштааст раисҷумҳури Тоҷикистон

ДУШАНБЕ, 02 ноя — Sputnik. Имрӯз, 2 ноябр раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо вазири умури дохилаи Арабистони Саудӣ шоҳзода Абдулазиз ибни Сауд ибни Ноиф ибни Абдулазиз оли Сауд дидор ва мулоқот кард, хабар медиҳад дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон.

Бино бар иттилои манбаъ, дар мулоқот муносибатҳои байнидавлатии Тоҷикистону Арабистон баррасӣ гардиданд.

"Ҷониби Тоҷикистон ба рушду тавсеаи робитаҳои гуногунсамта бо Шоҳигарии Арабистони Саудӣ аҳамияти аввалиндараҷа медиҳад ва ин кишварро дар муносибатҳои байналмилалӣ шарики муҳими худ медонад", - изҳор доштаааст кишвардори Тоҷикистон.

Ҷонибҳо муҳимияти ҳамгироии давлатҳо дар раванди ба эътидол овардани вазъи сиёсию амниятӣ дар Афғонистон, таъмини амнияту субот дар кишварҳои олами ислом ва араб, мубориза бар зидди терроризму экстремизми байналмилалӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷиноятҳои фаромиллиро арзёбӣ кардаанд.

"Дар шароити кунунӣ манфиатҳои муштараки кишварҳо дучанд афзун гардида, ҷавҳари онҳоро мафҳумҳои субот, амният ва пешрафту баланд бардоштани некӯаҳволии мардумонамон ташкил медиҳанд. Бояд мазмуну мундариҷаи сифатан нави муносибатҳои ҳамкориамонро таъмин карда, онҳоро  ба ниёзҳои имрӯза ва манфиатҳои миллии ду кишвар  комилан созгор намоем", - таъкид доштааст раисҷумҳури Тоҷикистон.

Лидер партии ЛДПР Владимир Жириновский встретится с президентом Таджикистана Эмомали Рахмоном - Sputnik Тоҷикистон
Шумо сиёсатмадори дурандешед: Эмомалӣ Раҳмон Владимир Жириновскийро пазирифт

Эмомалӣ Раҳмон аз мусоидати пайвастаи Маркази Шоҳ Салмон  дар татбиқи лоиҳаҳои иҷтимоӣ ва башардӯстона дар Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ кардааст.

Дар мулоқот ҳамзамон масъалаҳои вобаста ба баргузории нишасти дуюми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Саудӣ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ, техникиву фарҳангӣ ва дар ҳошияи он доир намудани ҳамоиши соҳибкорон дар шаҳрҳои Риёз ва Ҷидда ва Рӯзҳои фарҳанги Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон баррасӣ шудааст.

Таъкид гардидааст, ки Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар бахшҳои мухталифи тиҷоратию иқтисодӣ ва  иҷтимоиву фарҳангӣ  имкониятҳои фаровони ҳамкориҳои судмандро доранд.

Лентаи хабарҳо
0