Ҳимоятгар ба дарвозаи худ гол зад: анҷоми 2 бозии қаҳрамонии Тоҷикистон

© Sputnik / Максим Богодвид / Гузариш ба медиабонкБоковой арбитр на футбольном поле, архивное фотоф
Боковой арбитр на футбольном поле, архивное фотоф - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ду бозии даври дуюми қаҳрамонии Тоҷикистон дар риштаи футбол 11 апрел миёни дастаҳои лигаи олӣ баргузор шуд

ДУШАНБЕ, 12 апр - Sputnik. Тибқи иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, дар бозии марказии даври дуюм “Истаравшан” дар майдони худ бар тими “Хуҷанд” пирӯз шуд. “Дербии Суғд” дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Истаравшан, дар шоҳидии 15000 мухлис бо ҳисоби 2:1 анҷом ёфт. Қаҳрамони бозӣ ҳамлагари тими Истаравшан Бахтовар Зокиров буд, ки ду гол зад, гардид. Голи дастаи меҳмонро Манучеҳр Аҳмадов ба ҳадаф расонд.

Скачки в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Куштии миллӣ ва пойгаи аспдавонӣ: мусобиқаҳо барои дарёфти Ҷоми раиси шаҳри Душанбе

Дар бозии дигари мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон – “Истиқлол” дастаи “Хатлон”-ро бо ҳисоби 3:1 шикаст дод.  Голҳоро дар ҳайати дастаи ғолиб Алишер Ҷалилов ва Шериддин Бобоев заданд. Як голи дигарро тими Бохтар худашон тавассути ҳимоятгар Алишер Баротов вориди дарвозаашон намуданд. Голи “Хатлон”-ро Худойдод Узоқов ба номаш сабт кард.

“Истиқлол”, ки дар ду давр 6 хол ба даст овард, дар садри ҷадвали чемпионат қарор гирифт. Ду бозии дигари даври дуюми чемпионати футболи мамлакат 13-14 апрел доир мегардад. Рӯзи 13 апрел КМВА “Помир” дар майдони худ “Панҷшер”-ро қабул мекунад, 14 апрел дар варзишгоҳи “ТАЛКО-Арена” “Регар-ТадАЗ” бо “Куктош” нерӯ месанҷанд. Оғози бозиҳо – соати 16:00 дар назар аст.

Лентаи хабарҳо
0