Куштии миллӣ ва пойгаи аспдавонӣ: мусобиқаҳо барои дарёфти Ҷоми раиси шаҳри Душанбе

© Sputnik / Амир ИсаевСкачки в Душанбе
Скачки в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
27 апрел мусобиқаи гӯштини миллӣ бо иштироки беҳтарин паҳлавонони мамлакат аз вилоятҳои Суғду Хатлон, ВМКБ ва ноҳияи Рашт барои дарёфти Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе баргузор мешаванд.

ДУШАНБЕ, 10 апр – Sputnik. Ҳар сол дар ҷумҳурӣ шанбеи 3-юми моҳи апрел  Рӯзи пойтахт ҷашн гирифта мешавад. Бахшида ба ин рӯз дар баробари чорабиниҳои гуногуни маърифатию фарҳангӣ як зумра мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ ба нақша гирифта шудаанд.

Тавре  мудири бахши варзиши Раёсати кор бо ҷавонон ва  варзиши шаҳри Душанбе Раҷабалӣ Турсунзода   ба мухбири АМИТ "Ховар" хабар дод, бахшида ба Рӯзи пойтахт дар баробари 10-умин  Ниммарафони байналмилалии Душанбе, ки 20 апрел доир мегардад, дар Наврӯзгоҳи шаҳри Душанбе мусобиқаи пойгаи аспдавонӣ ва 27 апрел мусобиқаи гӯштини миллӣ бо иштироки беҳтарин   паҳлавонони мамлакат  аз вилоятҳои Суғду  Хатлон, ВМКБ  ва ноҳияи  Рашт   барои дарёфти Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе баргузор мешаванд.

Ҳамчунин аз 21 то 24 апрел дар Қасри тенниси шаҳри Душанбе мусобиқаи кушоди шаҳри Душанбе оид ба теннис миёни наврасону ҷавонон ва духтарон ба нақша гирифта шудааст.
Дар баробари ин, дар ҳамаи майдончаҳои шаҳри Душанбе, ки беш аз 200 ададро ташкил медиҳанд ва дар толорҳову мактабҳои варзишӣ баргузории мусобиқаҳои оммавии варзишӣ оид ба намудҳои футбол, волейбол, баскетбол, шашкаю шоҳмот дар назар аст.

Лентаи хабарҳо
0