ДУШАНБЕ, 12 апр - Sputnik. Ҳукумати Тоҷикистон дар ҳоли баррасии пешбинӣ намудани сабукӣ ба воридкунандагон ва корхонаҳои орд аст, хабар медиҳад "Парс тудэй".
Ба иттилои манбаъ, раиси Кумитаи сармоягузорӣ ва мудирияти амволи давлатии Тоҷикистон, Фаррух Ҳамроҳализода гуфта, ки ин мавзӯъ дар дасти баррасӣ аст ва ба эҳтимоли зиёд ба воридкунандагони гандум ва корхонаҳои орди ин кишвар дубора сабукӣ пешбинӣ хоҳад шуд.
Ба гуфтаи вай, лағви ин тасҳилот мӯҷиби афзоиши 6 дар садии қимати ҳар килограмм орд дар Тоҷикистон шудааст.
Ин дар ҳолест, ки Тоҷикистон аз Қазоқистон дар ду моҳи нахусти имсол наздик ба 200 ҳазор тонна гандум ба арзиши молии 37 миллион доллар ворид карда, ки дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли қабл аз нигоҳи вазн 90 % ва аз дидгоҳи молӣ 8, 4 % бештар аст.
Тоҷикистон 90% орди гандуми мавриди ниёзи худро бо воридот аз Қазоқистон таъмин мекунад.
Ҳукумати Қазоқистон аз оғози соли 2019 қимати гандуми содиротии худ ба кишварҳои узви Иттиҳодияи давлатҳои муштаракулманофеъро 24,6% афзоиш дода, ки мӯҷиби гарон шудани нархи орд дар Тоҷикистон шудааст.
Аз сӯи дигар истеҳсоли гандум дар Тоҷикистон дар соли 2018 наздик ба 15% коҳиш ёфт. ки ҳамзамон бо лағви пешбинӣ намудани сабукӣ барои воридкунандагони гандум ва корхонаҳои орд аст.