Қимати орд дар Тоҷикистон боз афзоиш ёфт

© SputnikПродажа муки
Продажа муки - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бар асоси эъломи Ожонси давлатии омори Тоҷикистон, ҳамакнун қимати як кило орди навъи олӣ ҳудуди 4 сомонӣ аст

ДУШАНБЕ, 27 фев — Sputnik. Арзиши орд дар бозорҳои Тоҷикистон боз боло рафт, хабар медиҳанд расонаҳои Тоҷикистон. Бино юар иттилои манобеъ, асосан орди навъи олӣ гарон шудааст.

Гуфта мешавад, дар ду моҳи ахир қимати орд дар бозорҳои Тоҷикистон 4,6 дарсад гаронтар шудааст.

Бар асоси эъломи Ожонси давлатии омори Тоҷикистон, ҳамакнун қимати як кило орди навъи олӣ ҳудуди 4 сомонӣ аст.

Ин дар ҳолест, ки як моҳ пеш қимати ин колои роҳбурдӣ 3,43 сомонӣ буд.

Орди мавриди ниёзи Тоҷикистон бештар аз Қазоқистон таъмин мешавад.

Продажа масла и муки на базаре Фаровон. Архивное фото. - Sputnik Тоҷикистон
Андоз боло рафт: Бонки миллӣ сабаби қиматшавии орд ва карамро гуфт

Коршиносон яке аз иллатҳои афзоиши қимати ордро гаронии ин маҳсул дар Қазоқистон ва низ коҳиши тавлиди гандум дар Тоҷикистон медонанд.

Соли гузашта дар Тоҷикистон 14,6 дарсад камтар аз соли 2017 гандум бардошт шудааст.

Пештар Бонки миллии Тоҷикистон болоравии сатҳи таваррум дар моҳи аввали соли равонро ба афзоиши нархи маҳсулоти хӯрокворӣ, аз қабили себ, нок, ангур, помидор, бодиринг, карам рабт дода буд.

Ин ниҳод болоравии нархи маҳсулоти мазкурро таъсири омилҳои мавсимӣ гуфта, далели дигари афзоиши таваррумро дар кишвар болоравии нархи орди навъи якум ба андозаи 4,6 фоиз хонд.

аро мавриди нархи орд, ки ғизои асосии сокинони Тоҷикистон мебошад, Бонки миллӣ афзуд, ки ба омилҳои берунӣ ва дохилӣ вобаста аст. Аз ҷумла зиёд шудани андоз аз арзиши иловашуда аз орд, ки аз 10 фоиз то ба 18 фоиз баланд шудааст, сабаби болоравии нархи ин маҳсулот арзёбӣ шудааст.

Дар қатори омилҳои берунии болоравии нархи орд, қимат кардани нарх аз ҷониби кишварҳои содиркунанда ва афзоиши тарофаҳои ҳамлу нақл ном бурда шудааст.

Орд. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Воридоти орд ба Тоҷикистон коҳиш ёфтааст

Ин ниҳод афзудааст, ки дар Қазоқистон, ки таъминкунандаи асосии Тоҷикистон бо орд мебошад, бинобар мусоид омадани боду ҳаво ҳосили фаровон дар назар аст ва ин боиси ба сатҳи муътадил фаромадани нархи орд дар кишвар мешавад.

Тибқи иттилои Бонки миллӣ, дар моҳи январи соли равон сатҳи таваррум ба 0,6 фоиз баробар гардид,  ки нисбат ба ҳамин моҳи соли гузашта ба андозаи 0,2 банди фоизӣ зиёд мебошад. Сабаби аслии афзоиши таваррум ба болоравии нархи маҳсулоти хӯрокворӣ рабт дода шуд, ки 1,2 фоиз боло рафтаанд  ва арзиши хизматрасониҳои пулӣ ба аҳолӣ, ки 0,2 фоиз қимат шудаанд.

Лентаи хабарҳо
0