Қазоқистон ба Тоҷикистон кумаки низомию техникӣ мерасонад

© PixabayРукопожатие, архивное фото
Рукопожатие, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Шартнома дар бораи расонидани кумаки безбозгашти низомию техникӣ ба Тоҷикистон миёни ҳукумати ҷумҳурӣ ва Қазоқистон ба имзо расид

ДУШАНБЕ, 28 дек - Sputnik. Қазоқистон ба Тоҷикистон кумаки низомию техникӣ мерасонад, иттилоъ додааст дафтари матбуоти вазорати дифои Қазоқистон.

Продукция железнодорожного машиностроения, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
“Роҳи оҳан”-и Тоҷикистон бо вагону локомотивҳои Қазоқистон обод мешавад

“Дар Остона мулоқоти Талгат Жанжуменов муовини вазири дифои Қазоқистон ва сафири Тоҷикистон дар ин кишвар Назирмад Ализода баргузор шуд”, - гуфта шудааст дар хабар.

Манбаъ таъкид намудааст, ки зимни мулоқот тарафҳо шартнома дар бораи расонидани кумаки низомию техникӣ ба Тоҷикистонро ба имзо расиданд.

Пештар хабар дода шуда буд, ки Қазоқистон ба Тоҷикистон кумаки башардӯстона ба маблағи 1,5 миллион доллар расонида буд.

“11 декабр сафири Қазоқистон дар Тоҷикистон Нурлан Сейтимов дар маросими супоридани кумаки башардӯстонаи ба тарафи ҷумҳурӣ иштирок намуд”, - хабар додааст дафтари матбуоти сафорати Қазоқистон дар Тоҷикистон.

Лентаи хабарҳо
0