Баҳси қурби асъор ва нархҳо дар маҷлиси Ҳукумат

© Sputnik / Стас ЭтвешСомони в конверте, архивное фото
Сомони в конверте, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Қурби асъори хориҷӣ ва нархи маҳсулот дар бозорҳои Тоҷикистон аз мавзӯъҳои меҳварии ҷаласаи ҳукумати кишвар будааст

ДУШАНБЕ, 31 июл — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ба Бонки Миллӣ супориш додааст, ки назоратро пурзӯру сиёсатро самаранок роҳандозӣ кунад.

"Эмомалӣ Раҳмон барои нигоҳ доштани устувории қурби пули миллӣ, сатҳи муътадили нархҳои дохилӣ ва тақвияти назорати бонкӣ Бонки миллиро вазифадор карданд, ки татбиқи самараноки сиёсати пулию қарзӣ ва буҷетро таъмин намоянд", — омадааст дар иттилоияи дафтари матбуоти раисиҷумҳур.

Зеленый рынок в Душанбе. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Танҳо дар Рамазон не: роҳандозии назорати доимии нархҳо дар Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардааст, ки захираву имкониятҳои кишвар барои ноил гардидан ба рушди босуръати иқтисодии кишвар то ҳанӯз самаранок истифода нашудаанд.

Инчунин раисиҷумҳури Тоҷикистон ворид нашудани 275 миллион сомонӣ маблағи андозу дигар пардохтҳоро ба буҷаи давлат таъкид кардааст.

"Дар баробари таъмини нақшаи даромади буҷети давлатӣ сифатнокии қисми даромади ҷории он аз ҳисоби 3 намуди андоз ва дигар пардохтҳо ба маблағи 275 миллион сомонӣ таъмин нагардидааст. Дар давраи ҳисоботӣ нақшаи андозҳо ва пардохтҳо дар 13 шаҳру ноҳияи кишвар таъмин нашудааст", — иттилоъ дод котиботи раисиҷумҳур.

Эмомалӣ Раҳмон барои пешгирии таъсири манфии фаъолияти корхонаҳои давлатӣ ба қисми даромади буҷет ва зиёдшавии қарзи онҳо, Вазорати молияро вазифадор кардааст, ки барои коҳиши хавфҳо ва таъмини шаффофияти хароҷоти маблағҳои буҷа чораандешӣ кунад.

Лентаи хабарҳо
0