ДУШАНБЕ, 9 апр – Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон ахиран Шукурҷон Зуҳуров, раиси Парлумони Тоҷикистон дар Давлати Қатар бо вазири рушди идорӣ, меҳнат ва масъалаҳои иҷтимоӣ, Вазири корҳои дохилӣ ва Мудири иҷроияи Созмони сармоягузориҳои Қатар имулоқот кард.
Тавре манбаъ хабар додааст, Шукурҷон Зуҳуров бо вазири рушди идорӣ, меҳнат ва масъалаҳои иҷтимоии Давлати Қатар атрофи татбиқи амалии Созишномаи байниҳукуматӣ оид ба ҷалби нерӯи корӣ табодули назари судманд кард.
Инчунин раиси парлумони Тоҷикистон дар шаҳри Давҳа бо Сарвазир – Вазири корҳои дохилии Давлати Қатар Шайх Абдуллоҳ бин Носир бин Халифа Оли Сонӣ мулоқот намуд.
Манбаъ таъкид намудааст, ки зимни мулоқот, тарафҳо аз сатҳи олии робитаҳои сиёсӣ, фаъолшавии ҳамкориҳои байни вазоратҳои соҳавии ду кишвар ва инчунин заминаи мустаҳками шартномавию ҳуқуқии муносибатҳо, ки барои густариши ҳамкориҳои гуногунҷанба ва мутақобилан судманд фароҳам шудаанд, изҳори қаноатмандӣ карданд.
“Бо дарназардошти имкониятҳои молиявӣ ва сармоягузории Давлати Қатар ва иқтидори иқтисодии Тоҷикистон тавсеаи ҳамкориҳо дар арсаҳои энергетикӣ, нақлиётӣ, кишоварзӣ, саноатӣ, бонкдорӣ ва сайёҳӣ муҳим арзёбӣ гардид”, - қайд намудааст манбаъ.
Шукурҷон Зуҳуров ва Шайх Абдуллоҳ бин Носир ҳамчунин атрофи таҳкими ҳамкориҳо дар самти мубориза алайҳи чолишҳои амнияти минтақавию байналмилалӣ ва татбиқи лоиҳаҳо дар соҳаи рушди устувор гуфтугӯ карданд.
Раиси Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҳамчунин дар ҳошияи сафари худ бо Мудири иҷроияи Созмони сармоягузориҳои Қатар Мансур бин Иброҳим Оли Маҳмуд мулоқот намуд.
Дар рафти суҳбат масъалаҳои мубрами ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Қатар дар соҳаи сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳо дар арсаҳои энергетикӣ, нақлиётӣ, саноатӣ ва коркарди маъданҳо баррасӣ шуданд.
Тарафҳо ҳамчунин дар мавриди таъсиси механизмҳои ҷалби сармоягузориҳо ва мудирияти муштараки лоиҳаҳо табодули назар карданд.
Маҳмуд бин Иброҳим Оли Маҳмуд иброз дошт, ки Созмони сармоягузориҳои Қатар омода аст дар сармоягузории лоиҳаҳои мухталифи иқтисодӣ дар Тоҷикистон, ки аҳамияти миллию минтақавӣ доранд, саҳми худро гузорад.