ДУШАНБЕ, 8 апр - Sputnik. Раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров бо Амири Давлати Қатар Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ гуфтугу намудааст, иттилоъ додааст дафтари матбуотии Парлумони Тоҷикистон.
Манбаъ афзудааст, ки Шукурҷон Зуҳуров ҳамчун роҳбари ҳайати парлумонии кишвар, дар доираи сафари расмияш ба Давлати Қатар, дар маросими ҷаласаи ифтитоҳии 140-уми Иттиҳоди Ассамблеяи Байнипарлумонӣ, ки бо иштироки Амири Давлати Қатар Оли Сонӣ дар шаҳри Довҳа баргузор гардид, иштирок намудааст.
Пеш аз оғози кори ҷаласаи ифтитоҳии мазкур мулоқоти кутоҳи Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров бо Амири Давлати Қатар Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ баргузор шуд.
Дар доираи кори ҷаласаи 140-уми Иттиҳоди Ассамблеяи Байнипарлумонӣ як силсила мулоқоту вохӯриҳои Раиси Маҷлиси намояндагон бо мақомоти баландпояи парлумонҳои аъзои Иттиҳоди Ассамблеяи Байнипарлумонӣ, аз ҷумла бо сарони парлумонҳои кишварҳои Русия, Қазоқистон, Туркия, Туркманистон, Либерия ва Непал баргузор шуданд.
Шукурҷон Зуҳуров ҳамчунин бо вазири рушди идорӣ, меҳнат ва масъалаҳои иҷтимоии Давлати Қатар атрофи татбиқи амалии Созишномаи байниҳукуматӣ оид ба ҷалби нерӯи корӣ табодули назари судманд анҷом доданд.