Парвандаи Тухтаматова: чигуна тоҷикон дар Дубай "қарздор"-у водор ба танфурӯшӣ мешаванд?

© AFP 2023 / STRРаботница коммерческого секса с клиентом, архивное фото
Работница коммерческого секса с клиентом, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Мухбира Тухтаматова, сокини шаҳри Хуҷанд дар ҷалби ҷавонзанони тоҷик ба танфурӯшӣ дар Дубай муттаҳам мешавад

ДУШАНБЕ, 8 апр - Sputnik. Ду ҷавонзани 28-сола аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мегӯянд, Мухбира Тухтаматова, сокини шаҳри Хуҷанд онҳоро бо роҳи фиреб ба Дубай бурда, мавриди истисмори шаҳвонӣ қарор дод. 

Женские ноги - Sputnik Тоҷикистон
Ошкоршавии маҳаллаи "савдо"-и фоҳишаҳо дар Хуҷанд ва танфурӯши гирифтори СПИД

М. А. ва О.М. номи кӯтоҳкардашудаи ду зани ҷабрдида мебошад, ки моҳи сентябри соли 2015 аз  Душанбе ба Дубай сафар кардаанд.

“Дар шаҳри Дубай моро худи Мухбира Тухтаматова қабул намуд. Моро дар бинои истиқоматии воқеъ дар кӯчаи “Машҳура билдинг” хонаи 120 ҷойгир намуда, шиносномаҳои хориҷиамонро бо худ гирифт. Баъдтар ба мо гуфт, ки ман барои сафари шумоён 12000 доллари амрикоӣ харҷ кардаам. Инро ба ман баргардонед гуфта, ба танфурӯшӣ водор мекард. Моро аз сентябри соли 2015 то моҳи майи соли 2016 давоми 8 моҳ барои баргардонидани маблағи харҷкардааш, ки гуиё 12 000 доллари амрикоӣ аст, ба танфурӯшӣ маҷбур намуд”, - иброз доштанд сокинони ҷабрдидаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров.

Ночной Ташкент - Sputnik Тоҷикистон
Нарх ва нуқтаи мардони танфурӯш дар Душанбе маълум шуд

Мақомоти додситонии вилояти Суғд мегӯяд, А.М. ва О.М. танҳо нафароне нестанд, ки бо ваъдаи ҷои кор аз ҷониби Мухбира Тухтаматова дар шаҳри Дубайи Имороти Муттаҳидаи Араб фиреб хӯрда, мавриди истисмори шавҳвонӣ қарор гирифтаанд. Ба иттилои манбаъ, бо ин тарзу усул Тухтаматова,  зани дигар, Ӯ. М. сокини шаҳри Хуҷандро ҳам охирҳои моҳи декабри соли 2014 ба боварии худ дароварда, дар шаҳри Дубай дар асорати қарзии 20 000 доллари амрикоӣ давоми чанд моҳ мунтазам таҳти истимори шаҳвонӣ қарор додаст.

Зимнан мақомоти додситонӣ алайҳи Мухбира Тухтаматова, барои содир кардани ин кирдорҳояш бо моддаи 130 иловаи 1, қисми 2, бандҳои а, в, ё-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парванда оғоз намудааст. 

Посетительница на смотровой площадке небоскреба Бурдж-Халифа в Дубае. Архивное фото. - Sputnik Тоҷикистон
Танфурӯшии иҷбории зани тоҷик дар Дубай

Бино ба иттилоъи додситонии вилояти Суғд дар соли 2018, 4 парвандаи ҷиноӣ нисбати чор нафар бо моддаи 130 иловаи 1 - хариду фурӯши одамон  оғоз карда шудааст. Дар се моҳи соли 2019, нисбати 2 нафар барои ба истисмори шаҳвонӣ ҷалб намудани сокинон, 2 парвандаи ҷиноӣ оғоз карда шудааст. 

Коршиносон мегӯянд ба танфурӯшӣ ҷалб намудани занону духтарони тоҷик ба вазъи иҷтимоиву иқтисодии занон дар Тоҷикистон рабт дорад.

Азизи Рустам, коршиноси мустақил дар Хуҷанд мегӯяд, камбуди ҷои кор занонро водор мекунанд, ки барои дарёфти кори беҳтару маоши хубтар худро ба ҳар сӯ зананд ва ба ҳама бовар кунанд. Аммо дар асл онҳо, на ҷои кор меёбанд, балки ба доми  фиреб афтида, мавриди истисмори шаҳвонӣ қарор мегиранд.

Женщина и зеркало. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Сокини шаҳри Хуҷанд бо роҳи фиреб ҷавонзани 22-солаи тоҷикро дар Дубай ба танфурӯшӣ маҷбур кард

 “Оғози солҳои 2000-ум хеле аз шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон асосан занҳо ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуданд. Аз сабаби он, ки бисёрии онҳо ба Ҷумҳурии Тоҷикистон оварда шуданд, як муддат шумораи ин қабил ҷиноятҳо кам шуд. Вале як ду соли охир махсус ҳамин ҷиноятҳо, яъне ҷалби занҳои ҷавон барои танфурӯшӣ бо мақсади истисмори шаҳвонӣ хеле зиёд шудааст. Пеш аз ҳама ин ба якчанд омилҳо рабт дорад. Яке аз  омилҳо,  ин албата масоили иҷтимоӣ мебошад, ки имрӯз мардум ҷои кор надорад, маош намегирад, даромади мустақил надорад ва маҷбур аст, ки ба ҳама кор даст занад”, - мегӯяд Азизи Рустам.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2014 тарҳи мукаммали Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кӯмак ба қурбониёни савдои одамон”- ро қабул намудааст. Дар паи қабули ин Қонун ҳукуматҳои вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо баргузории як силсила чорабиниҳои тарғиботии пешгирикунанда аз фирефташавии сокинонро аз ин зуҳурот бо иштироки масъулини мақомотҳои қудратӣ ва роҳбарони созмонҳои ҷамъиятӣ ба роҳ мондаанд.

Женщина, занимающая проституцией, у дороги. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Зани 24-сола сокини ноҳияи Бӯстонро ба танфурӯшӣ дар Туркия ҷалб кард

Бахтиёр Абдуҷаббор, роҳбари ташкилоти маҳаллии “Умед” мегӯяд, камиттилоиву  нодорӣ шуморе аз занону наврасонро ба доми гурӯҳҳои фиребгар  мепартояд.

“Аз надонистани қонунгузориҳо дар соҳаи меҳнат ва муҳоҷират, камиттилоиву камогоҳӣ баъзеҳо фиреб мехӯранд. Фиребхӯрдагон, мутаассифона бо мақсади  меҳнати иҷборӣ ва истисмори шаҳвонию ғуломӣ истифода мешаванд”, - таъкид кард  Бахтиёр Абдуҷабборов.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки қурбонии харидуфурӯши инсон дар Тоҷикистон занонанд, ки асосан ба Имороти Муттаҳидаи Араб ва давлати Туркия интиқол дода мешаванд. Тибқи иттилои расмӣ ҳамасола кам ё беш аз 500 ҳодисаи харидуфурӯшии одамон аз ҳисоби сокинони Тоҷикистон ба қайд гирифта мешавад, ки ба ин аз ҷалб ба  меҳнати иҷборӣ то истисмори шаҳвонӣ шомил мебошанд.

Лентаи хабарҳо
0