Сокини шаҳри Хуҷанд бо роҳи фиреб ҷавонзани 22-солаи тоҷикро дар Дубай ба танфурӯшӣ маҷбур кард

© Flickr \ DualD FlipFlopЖенщина и зеркало. Архивное фото
Женщина и зеркало. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Сокини 32-солаи шаҳри Хуҷанд бо ҷурми ҷалби ҷавозани тоҷик ба танфурӯшӣ дар Дубай дастгир шуд

ДУШАНБЕ, 27 май — Sputnik. Тавре Вазорати умури дохилаи ҶТ хабар медиҳад, 26-уми майи соли 2017, дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани 32-солаи сокини шаҳри Хуҷанд бо гумони хариду фурӯши одамон дастгир карда шуд.

Манбаъ меафзояд, гумонбаршуда, моҳи сентябри соли 2016 дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд бо мақсади ҷалб намудан барои истисмори шаҳвонӣ бо зани 22-солаи сокини шаҳри Истаравшан вохӯрда, ӯро бо баҳонаи таъмини кор ба яке аз тарабхонаҳои шаҳри Дубайи Аморати Муттаҳидаи Араб даъват намудааст.

Баъдан, зани гумонбаршуда бо ҳамшарикаш Фотима ном зан, ба ҷабрдида раводид ва чипта барои парвоз омода намуда, санаи 2-юми ноябри соли 2016 ӯро ба шаҳри Дубай равон кардаанд.

Ҳамин тариқ, гумонбаршуда зани 22-соларо ба асорати қарзии 7000-доллари амрикоӣ гирифтор карда, маҷбуран ба истисмори шаҳвонӣ ҷалб намуда, талаб кардааст, ки бо роҳи танфурӯшӣ маблағҳои мазкурро кор карда диҳад.
Вобаста ба далели мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишоти ҳодиса давом дорад.

Лентаи хабарҳо
0