Додгоҳи Душанбе Иномҷон Раҷабалиевро ба 18 соли зиндон маҳкум кард

© Суди шаҳри ДушанбеМурофиаи додгоҳии Иномҷон Раҷабалиев, ки барои ифротгароӣ ба 18 соли зиндон маҳкум шуд
Мурофиаи додгоҳии Иномҷон Раҷабалиев, ки барои ифротгароӣ ба 18 соли зиндон маҳкум шуд - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Додгоҳи шаҳри Душанбе шаҳрванд Иномҷон Раҷабалиевро ба 18 соли зиндони низомаш сахт маҳкум кард

ДУШАНБЕ, 7 апр — Sputnik. Тибқи иттилоияи Додгоҳи Душанбе эълони ҳукм ҳафтаи равон сурат гирифт.

Здание энергохолдинга Барки точик, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Парвандаи ҷиноӣ алайҳи 22 корманди “Барқи тоҷик”

Манбаъ мегӯяд, Раҷабалиев Иномҷон Маҳмадҷонович бар асоси ду моддаи Кодекси ҷиноӣ – 401 замимаи 1 ва 307 замимаи 3 гунаҳкор дониста шуд.

Моддаи 401 замимаи 1 ҷазо барои иштироки ғайриқонунии шаҳрвандони Тоҷикистон дар задухӯрдҳои мусаллаҳ дар қаламрави кишварҳои дигарро пешбинӣ кардааст.

Моддаи 307 замимаи 3-и Кодекси ҷиноӣ, муҷозот барои иштирок дар  фаъолияти ташкилоте, ки суд фаъолияташро бинобар ифротгароӣ мамнуъ кардааст, пешбинӣ менамояд.

Додгоҳи Душанбе 4 апрел Раҷабалиевро бар асоси ин ду модда гунаҳкор дониста ба 18 соли зиндони низомаш сахт маҳкум кард.

Лентаи хабарҳо
0