Парвандаи ҷиноӣ алайҳи 22 корманди “Барқи тоҷик”

CC BY-SA 3.0 / alzium / Здание энергохолдинга "Барки точик", архивное фото
Здание энергохолдинга Барки точик, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон аз муҷозоти 22 масъули шабакаҳои барқи кишвар барои исрофкорию барқдуздӣ хабар дод

ДУШАНБЕ, 7 апр — Sputnik. Додситони кулли кишвар мегӯяд, ниҳоди тобеяш ба истифодаи сарфакоронаи неруи барқ диққати хоса дода, бо натиҷаи санҷишҳои прокурорӣ 35 миллион сомонӣ маблағи истифодаи он барқарор карда шуд.

Здание энергохолдинга Барки точик, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Изҳороти "Барқи тоҷик": аз даъвои қарзи 1-миллиардии аҳолӣ то ҳукми шаръӣ -дуздӣ ҳаром аст

Ӯ ҳафтаи гузашта дар парлумон инчунин аз исрофкорӣ, пул ва барқдуздӣ дар соҳаи мазкур гузориш дод, ки худи масъулин низ дар он даст доранд.

“Ҳолатҳои дуздӣ, исрофкорӣ ва истифодаи ғайриқонунии неруи барқ ва маб­лағҳои аз фурӯши он бадастомада ошкор карда, аз ҷумла 22 корманди шабакаҳои барқӣ бинобар даст дош­тан ба ин ҷиноятҳо ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуданд”, - омадааст дар гузориши Юсуф Раҳмон ба парлумон, ки матни онро  нашрияи парлумонӣ - “Садои мардум”  чоп кардааст.

Ин дар ҳолест, ки ахиран ширкати “Барқи тоҷик” дар шарҳи бебарқӣ дар кишвар ишора ба қарздории мардум кард, ки ба иддаои ширкат ҳудуди 1 миллиард сомонӣ ҳаққи истифодаи барқро пардохт накардаанд.

Электрик устанавливает современные электросчетчики, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
ВУД дар бораи барқдуздӣ хабар дод: як мард ба "Барқи тоҷик" 45 ҳазор сомонӣ зарар расонид

Дар изҳороти “Барқи тоҷик” аз банди 20-и протоколи маҷлиси Ҳукумати Тоҷикистон аз 28 феврали соли 2019 зикр шудааст, ки тибқи он як қатор ниҳодҳои муҳими ҳукуматӣ, дастур гирифтанд, ки муроҷиат ва корҳои фаҳмондадиҳиро дар байни аҳолӣ барои истифодаи сарфакорона ва  сариштакоронаи  қувааи барқ ва сари вақт пардохт намудани ҳаққи истифодаи барқро ба таври судманд ва оммафаҳм ба роҳ монанд.

“Ба низоми энергетикии кишвар дастур дода шудааст, ки интиқоли барқро  ба ташкилоту корхонаҳои қарздор қатъ намоянд”, - изҳор доштааст “Барқи тоҷик”.

Дар ҳамин ҳол сокинони навоҳии Тоҷикистон мегӯянд, аз аввали баҳори ҷорӣ қувваи барқро бо маҳдудият мегиранд.

Лентаи хабарҳо
0